Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Лукашенко вориди рақобати реалӣ бо мардумаш шудааст», Раҳмон алъон танҳо виртуалӣ

«Лукашенко вориди рақобати реалӣ бо мардумаш шудааст», Раҳмон алъон танҳо виртуалӣ

Таҳаввулоти Белорус бозтоби густардае дар Тоҷикистон дорад. Ҳазорҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро пайгирӣ мекунанд, назару шарҳ менависанд ва вориди баҳсҳои тунде ҳам гаштаанд. Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимои тоҷикӣ аз тазоҳуроти белорусҳо пушитибонӣ мекунанд ва ба ҳаводиси ин кишвар бо умед дида дӯхтаанд. 

Мавзӯъи чанд рӯзи охири коршиносони тоҷик ҳам ба таҳаввулоти Белорус бахшида шудааст. Коршиносони мустақил бар инанд, ки замони диктотура дар ин кишвари собиқ шӯравӣ ва яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ҳам ба анҷоми худ мерасад. Аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, Раҷаби Мирзо ва дигарон чанд навиштаи худро ба ин мавзӯъ бахшидаанд. 

Коршинос Парвиз Муллоҷонов се рӯз қабл пешбинӣ карда буд, ки минбаъд шумори эътирозгарон бештар хоҳад шуд, чун Лукашенко на бо мухолифин, балки бо мардумаш вориди рақобат шудааст. Ва ин пешбинии ӯ дуруст ҳам баромад — соат ба соат шумори муътаризони Белорус меафзояд ва даҳҳо ширкату корхонаҳои ҳатто давлатии ин кишвар ба ҳимоят аз рақиби Лукашенко даст ба корпартоӣ задаанд. Табибон бо хилъатҳои сафед ба кӯчаҳо рехтаанд ва аз ҳукумат мехоҳанд нерӯҳои ОМОН-ро ҷамъ кунад. Ҳатто хонандагони мактаб ифтихорномаву мукофотҳои худро ба мактабҳое бармегардонанд, ки дар тақаллуб ширкат кардаанд.

Айнан дар ҳамин шакл ҳукумати Тоҷикистон тавассути дастгоҳи таблиғотиаш вориди рақобати иттилоъотӣ бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳатто аксари мардуми кишвар шудааст. Коршиносони ҳукуматӣ ва расонаҳои давлатӣ мекӯшанд таҳаввулоти Белорусро дар оинаи вожгуна нишон диҳанд ва ба мардум ҳушдор диҳанд, ки чунин рафтор метавонад боиси фурӯпошии давлат ва солҳо бесубот шудани он гардад. Аммо коршисони мустақил, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва бештари мардум назари дигар доранд.

Раҷаби Мирзо, коршинос ва рӯзноманигори маъруф ҳаводиси ахири ин кишварро ба рӯзҳои ахири суқути Шӯравӣ монанд карда гуфтааст, ки он замон низ раҳбарони коммунист фикр доштанд, ки танҳо бо табдили ном дар курсиҳои худ метавонанд солҳои тӯлонӣ худро дар мансабҳои аввал ҳифз намоянд. Аммо зеҳнашон ба ин намерасид, ки дунё дар рӯ ба рӯи гардишҳои нав қарор дорад ва танҳо бо “бозсозии зоҳирӣ” ба ин майлонҳо расидан имкон надорад.

Ӯ мегӯяд таърих нафареро қишри диктаторҳо ёд надорад, ки осуда ва бо марги худ дунёро тарк гуфта бошад. Маҳбас, фирор аз ватан ё қатли ваҳшиёна – ин будааст тақдири диктаторҳо то ин замон.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони ҳукуматӣ мекӯшанд Лукашенкоро ҳақ ва мардумро ноҳақ бароранд. Аз ҷумла Абдуллоҳ Раҳнамо, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин назар аст, ки кишварҳои истиқлолёфтаи баъдишӯравӣ барои давлат шудан як марҳила ба низомҳои қавии сахтгири мутамаркиз ниёз доранд. Низоме, ки бо қудратмандӣ давлатро ҳамчун низоми воҳид то охир ташаккул диҳад. Ӯ ба ин назар аст, ки “мавҷудияти низомҳои сахтгири мутамарказ, ки имрӯз дар Русия, Белорус ва Осиёи Марказӣ мушоҳида мешаванд, як марҳилаи таърихан ва ҳаётан муҳим ва ногузири рушд ва давлатшавии ин кишварҳост”.

Раҳнамо мегӯяд “талоши татбиқи бошитобу воридотии демократия ва либерализм барои ин кишварҳо ҳамчун давлат ҳатто марговар аст. То имрӯз хеҷ таҷрибаи демократисозии шитобзада дар кишварҳои дорои чунин сарнавишт комёб набудааст ва нахоҳад буд”. Барои таҳкими ин фикраш ӯ  Гурҷистон, Украина ва Молдоваро мисол мезанад, ки дар масири «демократишавӣ» бахшҳои бузурге аз ҳудуди худро аз даст доданд, зеро онҳо ҳанӯз давлат ношуда суботи дохилӣ ва тавозуни геополитикиро шикастанд.

Ӯ ба ин назар аст, ки “агар «нерӯи нав» бо вуҷуди шиорҳои баландаш, вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва ин мардумро бисёр бадтар аз имрӯза накунад, дар солҳои наздик ҳаргиз беҳтар аз ин нахоҳад кард”.

Ба ин даъвои ӯ рӯзноманигор ва коршинос Алӣ Азизод посух медиҳад, ки “даҳҳо мисол метавон овард, ки ҳар қадар зудтар раванди демократисозии кишварро оғоз кунем, ҳамон қадар тезтар ба натиҷаи матлуб хоҳем расид…

Олмони пасоҳитлерӣ, Ҷопони пасомилитарӣ, ки аз дасти диктаторҳо ба хок яксон шуданд, дар як муддати кӯтоҳ (8-10 сол) аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафтатарин давлатҳои ҷаҳон табдил ёфтанд, ки асоси ин ҳама демократия буд. Ё мисоли дигар тамоми кишварҳои сосиалистии собиқи Аврупои шарқӣ: Чех, Словакия, Лаҳистон, Руминия, Маҷористон, Словения ва қисме аз кишварҳои пасошуравӣ (Латвия, Литва, Эстония), ки дар як мудати кӯтоҳ дар роҳи демократиясозӣ ба натиҷаҳое ноил гаштанд, ки кишварҳои авторитарие чун Белорус, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва ғайра аз он фарсахҳо дуранд.

Яъне дар як муддати кӯтоҳ, бар асари демократисозӣ даҳҳо кишварҳои ШИТОБЗАДА комёб шуданд! Мо, ки шитобзада нестем дар 28 сол то ҳанӯз проблемаи барқро ҳал, ҳадди аққали музди меҳнати баробар ба 400 сомонӣ дорем, дорои нафақаи 180-сомона ҳастем 1-2 миллион шаҳрвандонамон солҳои тӯлонӣ дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷ овораву пайи ба даст овардани як пора нонанд”.

Абдулло Раҳнамо ба ин назар аст, ки раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ҳамчун роҳбари марҳилаи давлатшавии ин кишвар барои ин давлат хидмати беназири миллӣ ва таърихӣ кардааст. Ӯ бо низоми сахтгиру мутамаркази худ давлатро ҳамчун низоми сиёсӣ сохта, тамоми аркону атрибутҳои дохиливу хориҷии онро то ҳадди ниҳоии ташаккул расонидааст. 

Раҷаби Мирзо аммо мегӯяд “дар Беларус фақат як “зани хонашин” исбот кард, ки пояҳои ин гуна ҳукуматҳо фалаҷшудаанд ва аз худ ҷуз силоҳ бо чизе ҳимоя карда наметавонанд”. Ӯ мегӯяд “мушкили аслии ҳукуматҳои ивазнашаванда ҳамин аст, ки шарики доимӣ ва устувор надоранд. Онҳо бисёрии вақт мамлакатро моликияти хусусии худ мепиндоранд. Президент ҳам дар ин гуна давлатҳо барои мардум не, балки мардум барои президенту оила ва атрофиёни ӯ кор мекунанд. Маҳз барои ҳамин онҳо аз курсӣ рафтан намехоҳанд, зеро аз “роҳат” (комфорт) дур шуданӣ нестанд. Институти интихобот дар чунин ҳукуматҳо расмиёте беш нест ва танҳо ба хотири машрӯият додани ҳукумати онҳо хидмат мекунад”. 

Абдуллоҳ Раҳнамо муътақид аст, ки “баъзе қудратҳои ғарбӣ барои фишор рӯи низомҳои барояшон номуносиб ё тағйири роҳбарони саркаш маҳз “демократия” ва “ҳуқуқи башар”-ро ҳамчун абзор ба кор мегиранд. Бояд шакке надошт, ки вақте чунин тасмиму чунин лоиҳа барои «демократикунонӣ»-и кишвари хосе пеш гирифта шавад, дар раванди татбиқи он мақсад аз таблиғу талқини «демократия» ҳаргиз демократӣ кардани он кишварҳо ва эҳсоси хайрхоҳонаи озоду хушбахт сохтани мардумонашон нест, балки ба воситаи тӯфони демократияхоҳӣ иваз кардани қудрати сиёсӣ ба нафъи манфиатҳои геополитикии худ аст”.

Аммо Раҷаби Мирзо мегӯяд “инро бояд ба назар гирифт, ки “дасти хориҷӣ” вокунишу эътирозест ба чунин тарзи раҳбарӣ, ки ба сиёсатҳои замони нав муносиб нестанд. Ҳарчанд дар маъракаҳои интихоботии Беларус Лукашенко аз ин пеш ҳам “дасти хориҷӣ” пайдо карданӣ мешуд. Ё Украина, ё Русия, ё кишварҳои ғарбиро муттаҳам мекард, ки ба ҳукумати ӯ “чашм ало кардаанд”. Ягон интихоботе надошт, ки ин ё он кишвари хориҷиро “душман”-и худ эълон накарда бошад”. 

Абдуллоҳ Раҳнамо бо овардани мисолҳои пуртаззоде хеле кӯшидааст азрежими Раҳмон пуштибони кунаду ба мардум фаҳмонад, ки ҳанӯз фурсати демократиясозӣ ва ҳатто барқарории адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон фаро нарасидааст. Ӯ мегӯяд “дар айни замон, дар шароити печидаи дохиливу хориҷӣ шитоб дар татбиқи «адолати иҷтмоӣ» бисёре аз фурсатҳои давлатшавиро осебпазир месозад”. Яъне ба назари ин коршиноси давлатӣ мардум бояд ҳатто аз талаби таъмини адомлати иҷтимоӣ худдорӣ кунад, то давлат шакл гираду қудратманд шавад. 

Дар посух ба ин иддаои суботофаринии Раҳнамо Сайидюнуси Истаравшанӣ мегӯяд “На Гурҷистон дар масири “демократишавӣ” чизе аз сарзаминашро аз даст дода ва на Укройн, он чи воқеъ шуда ишғоли қисматҳое аз сарзамини ин ду кишвар тавассути як кишвари бегона аст, ки дер ё зуд ин сарзаминҳо ба соҳибони аслиаш бармегардад.

Аммо мусибат ин ҷост, ки режиме, ки иддао мешавад дар масири “субот” қарор дорад, қисматҳои азиме аз сарзаминашро ба як кишвари бегона бифурӯшад ва “бо ду дасти адаб” ба он бегона ин заминҳоро бибахшад.

Ин аст натиҷаи “суботе”, ки бо вуҷуди як худкома ва диктотур иддао мешавад.

Фарқ аст байни ишғол (оккупация) ва фурӯхтан. Аввалӣ ҳаргиз эътироф намешавад ва рӯзе поён меёбад ва аммо дуввумӣ, бо камоли таассуф, ниҳодина шуда, ба худ сурати «қонунӣ» мегирад”.

Рақобати Лукашенко бо мардумаш торафт шиддат мегирад ва ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки ба хушунат кашида шавад. Аммо ончи мусаллам аст ин аст, ки эраи охирин диктатор дар Аврупо тамом шуд. Ӯ роҳе ҷуз аз даст додани ҳукуматаш надорад, хоҳ бо фирор хоҳ бо шикаст.

Ин ҳам мусаммам аст, ки рақобати виртуалии Раҳмону мардуми Тоҷикистон низ ба зудӣ ба рақобати виртуалӣ табдил хоҳад шуд. Дар рақобат яке бояд пирӯз гардад. Ё 8 миллион мрадуми тоҷик ё оилаи кӯчаки Раҳмон.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular