Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДемокросӣ ҳам аз COVID-19 осеб дидааст

Демокросӣ ҳам аз COVID-19 осеб дидааст

Дар шароити буҳрони пандемияи COVID-19 демокросӣ дар саросари ҷаҳон «амиқтар осеб дид».

Созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ Freedom House дар гузориши вижае, ки имрӯз 2-юми октябр нашр шуд, гуфт, бо баҳонаи пандемия ҳукуматҳо интихоботро беназм карда, мунтақидону матбуотро саркӯб карданд ва масъулияти худро дар заминаи таъмини ҳуқуқи башар ва ҳифзи сиҳҳатии мардум пурра ба иҷро нарасониданд.

Муҳаққиқони созмони воқеъ дар Амрико мегӯянд, дар 80 кишвари ҷаҳон дар давраи пандемия вазъи ҳуқуқи башар бадтар шуд ва дар кишварҳое, ки қаблан ҳам нишондодҳои демократиашон хуб набуд, боз ҳам сангинтар гашт.

Дар гузориш омадааст, сӯиистифода аз қудрат, ки бе ин ҳам номутаносиб буд, дар давраи пандемия аз ҳад зиёд шуд.

Дар назарсанҷии Хонаи Озодӣ беш аз 60 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки эҳтимол таъсири пандемия ба ҳуқуқи сиёсиву озодиҳои маданӣ давоми аз се то панҷ соли баъдӣ боқӣ хоҳад монд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular