Sunday, March 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИнтиқоли гази табиӣ Ӯзбекистон ба вилояти Суғд баъди 10 соли

Интиқоли гази табиӣ Ӯзбекистон ба вилояти Суғд баъди 10 соли

Ӯзбекистон баъди 10 соли интиқоли қатъи гази табиӣ ба вилояти Суғд  дубора интиқоли онро шурӯъ кард. 

Тавре ба хабаргузории “Аsia-Plus” Абдулҳаким Сӯфиев директори ҶСП “Сомон Суғдгаз”  иттилоъ додааст,  воридкунандаи газ ширкати “Сомон Суғдгаз” буда, он барои корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва нақлиёт пешбинӣ шудааст. Эҳтимолан як метри мукааб гази табиӣи аз  Ӯзбекистон воридшуда то 2 сомонӣ арзиш дорад.

Абдулҳаким Сӯфиев мегуяд, “Ҳоло масъулин ба васлу насби қубурҳои газгузар шурӯъ кардаанд ва эҳтимолан рӯзҳои наздик нахуст корхонаҳои хурду бузурги саноатии шаҳри Хуҷанд бо гази табиӣ таъмин мешаванд. Дар асоси созишнома ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки  1000 куб гази табииро бо арзиши 130 доллари ИМА ба Тоҷикистон бифурӯшад, ки бамаротиб дастрасу арзон аст. Даҳ сол қабл 1000 куб қимати гази Ӯзбекистон то ба 340-360 доллари ИМА баробар буд ва аз он аксари тоҷикистониён баҳраманд буданд”.

Манбаъ мегӯяд, дар вилояти Суғд беш аз 800 километр дарозии қубурҳои газгузар мавҷуд аст, ки беш аз 400 километри он дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Корҳои барқарорсозии қубурҳои фарсудашуда, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст ҳоло дар ин шаҳр дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои наздик сокинон ба гази Ӯзбекистон дастрасӣ пайдо мекунанд.

Ба гуфти директори ширкати “Сомон Суғдгаз” “ин ширкат қубурҳои газгузарро то назди биноҳои истиқоматӣ  мебарад  ва боқимонда корҳоро сокинон худшон анҷом медиҳанд, бе ягон мамониат онҳо бо газ таъмин мегаданд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 400 чоҳи газӣ мавҷуд аст, ки қубурҳои онро ширкати “Сомон Суғдгаз” куллан иваз карда истодааст. Абдулҳаким Сӯфиев афзуд, ки то охири сол сокинони шаҳри Хуҷанд ба пуррагӣ бо гази табиӣ таъмин мешаванд ва ҳоло газ аллакай ба корхонаҳои саноатӣ омадааст. То охири соли 2020 тасмим дорем, сокинони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пурра бо газ таъмин намоем”..

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular