Даъвати исломӣ дар замони зиндагии Паёмбар (с) аз бози беъсат то вафоташон чор марҳаларо аз сар гузаронидааст:
Марҳалаи аввал: даъвати пинҳонӣ, ки се сол идома дошт;
Марҳалаи дуюм: даъвати ошкоро (танҳо бо забон), ки то замони ҳиҷрат идома дошт;
Марҳалаи сеюм: даъвати ошкоро ва ҷанг бо касоне, ки зулм менамоянду ҷанг ё бадиро аввал сар мекунанд. Ин марҳала то замони сулҳи Ҳудайбия идома дошт;
Марҳалаи чорум: даъвати ошкоро ва ҷанг бо касоне, ки пеши роҳи даъватро мегиранд, ё баъди гузаштани мӯҳлати даъвату огоҳӣ аз мусулмон шудан сар мепечанд (аз ҷумлаи мушрикон, мулҳидон ва бутпарастон). Ин марҳалаест, ки шариати исломӣ бар он истиқрор ёфту ҳукми ҷиҳод дар Ислом, аз он замина мегирад.
Марҳалаи 1. Даъвати пинҳонӣ
Паёмбар (с) ба иҷрои амри Худо мепардозанд ва мардумро ба парастиши Худои ягона ва даст кашидан аз ибодати бутҳо даъват менамоянд. Вале дар аввал ин корро пинҳонӣ анҷом медиҳанд, то он ба Қурайше, ки ширку бутпарастиро дини худ қарор дода буд, ногаҳон ва сахт нафарояд. Аз ин рӯ, Он ҳазрат (с) даъвати навро дар ҷамъомадҳои оммавии Қурайш ошкор накарда, онро танҳо ба касоне, ки бо онҳо алоқаи хешовандӣ ва ё дӯстӣ доштанд, пешкаш менамуданд.
Аз ҷумлаи нахустин касоне, ки мусулмон мешаванд, Хадиҷа бинти Хувайлид (раз.) (ҳамсари Он ҳазрат (с)), Алӣ ибни Абутолиб, Зайд ибни Ҳориса (ғулом ва писархонди Он ҳазрат (с)), Абубакр ибни Абиқаҳофа, Усмон ибни Аффон, Зубайр ибни Авом, Абдурраҳмон ибни Авф, Саъд ибни Абиваққос ва ғайра (разияллоҳу анҳум аҷмаин) буданд.
Ин нафарон бо Паёмбар (с) ба таври пинҳонӣ вомехӯрданд. Агар касе аз онҳо ибодате карданӣ мешуд, ба берун аз Макка баромада, онро дур аз чашмони Қурайш анҷом медод.
Баъд вақте шумораи мусулмоншудагон, марду зан, ба сӣ нафар наздик мешавад, Паёмбар (с) хонаи Арқам ибни Абиарқамро, ки яке аз онҳо буд, барои вохӯрӣ ва таълиму иршоди онон интихоб менамоянд. Ҳосили даъват дар ин муддат тақрибан чил нафар марду зан буд, ки бештарашон аз бенавоёну ғуломон ва касоне буданд, ки миёни Қурайш маконате надоштанд.
Панду андарзҳо
- Чаро дар оғоз даъвати Паёмбар (с) пинҳонӣ буд?
Албатта, сабаби дар солҳои аввал даъватро ба таври пинҳонӣ анҷом додани Паёмбар (с) ин аз тарси ҷон набуд. Зеро вақте ки масъулияти даъват ба гарданашон ниҳода шуду барояшон ояти “ يا أَيُّهَا الْمُدَّثِّرُ. قُمْ فَأَنْذِرْ” нозил гашт, донистанд, ки фиристодаи Худо ба сӯйи мардум мебошанд. Бинобар ин, яқин доштанд, ки он Худое, ки эшонро ҳамчун паёмбар интихоб карда, масъулияти ин даъватро ба гарданашон ниҳодааст, ба ҳимояташон низ қодир мебошад.
Бо вуҷуди ин ҳама, агар Худо он касро аз рӯзи аввал ба ошкор намудани даъват миёни мардум амр мекард, ҳаргиз аз иҷрои он сустӣ намекарданд, агарчи дар он ба ҷонашон хатаре таҳдид менамуд.
Вале Худованд ба Он ҳазрат (с) илҳом намуд, ки даъватро дар марҳалаи нахустини он ба таври пинҳону махфӣ оғоз кунанд ва онро танҳо ба касе расонанд, ки ба гумони ағлаб онро иҷобат намуда, ба он имон меорад. Илҳом бошад, як навъе аз ваҳй аст. Ин чиз ба даъватгарони баъдина ба масобаи дарсе буд, ки бардошта аз он бояд дар кори даъват эҳтиёту сабабҳои зоҳириро истифода намуда, аз василаву услубҳои ақл муқаррарнамудае кор гиранд, ки барои расидан ба ҳадафҳои даъват ногузиранду ба шариат ҳеҷ мухолифате надоранд. Вале дар кори истифода аз онҳо боэҳтиёт бояд буд, то ҷойи эътимоду таваккул ба Худоро нагиранд ва шахс бо истифода аз онҳо ба фикри он наравад, ки онҳо таъсири аслӣ доранду корагари асосӣ мебошанд. Зеро ин гуна фикр кардан, гузашта аз он, ки ба табиати даъвати исломӣ рост намеояд, асли имонро низ халалдор менамояд.
Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки услуби даъвати Паёмбар (с) дар ин марҳала аз қабили сиёсати шаръӣ буд, ки аз пешвову раҳбар будани Он ҳазрат сарчашма мегирад ва ба умури мутааллиқ ба нубуввату паёмбарӣ, ки сарчашмаҳои он танҳо ваҳй буд, рабте надорад.
Бинобар ин, шахсоне, ки ба даъвати исломӣ машғул ҳастанд, ҳақ доранд, ки барои даъват услубҳои мутобиқи замони худро истифода баранд. Аз қабили махфӣ доштани даъват, ё ошкор намудани он, нармиву сахтгирӣ ҳангоми расонидани он ва ғайра, ки шароиту вазъи замонашон онро тақозо мекунад. Албатта, ин як нармиш ва ба шароит мутобиқшавиест, ки аз тарафи шариати исломӣ дар такя ба таърихи Паёмбар (с) ва услубҳои дар кори даъват пеш гирифтаашон муайян карда шудааст. Дарназардошт ва риояи манфиати мусулмонон ва даъвати исломӣ бояд дар ҳамаи он ҳамчун шарти асосӣ ба эътибор гирифта шавад.
Бинобар ин, ба иттифоқи ҷумҳури фақеҳон агар мусулмонон аз ҷиҳати шумори аскар ва лавозимоти ҷангӣ тавони муқовимат бо душманро надошта бошанд ва дар сурати қарори ҷанг кардан ба гумони бештар бидуни осебе назаррас ба душман кушта мешаванд, пас дар ин сурат бояд манфиати ҳифзи ҷон пеш гирифта шавад, зеро манфиати муқобил, ки он манфиати дин аст, дар гумон аст ва ё умуман воқеъ шуданӣ нест.
Шайхулсислом Изз ибни Абдуссалом ворид шудан ба чунин ҷиҳодро ҳаром шуморида, мегӯянд: “Вақте, ки душман аз тарафи мусулмонон зараре намебинад, пас ин маънои онро дорад, ки шикаст насиби мусулмонон аст. Азбаски дар чунин набард истодагарӣ намудан талафоти ҷонӣ ба бор меорад, ки он ҳамроҳ бо шикасти мусулмонон боиси хушнуд гаштани кофирон ва сархам шудани мусулмонон мегардад, пас дар чунин ҷанг собит истодан ҳалокати маҳз аст, ки дар он на барои мусулмонон манфиате ҳасту на барои Ислом”.
Ба андешаи мо, инҷо танҳо зоҳиран, чунин ба назар мерасад, ки манфиати ҷон муқаддам гузошта шуда истодааст. Зеро бо чунин амал дар аслу ҳақиқат манфиати дин дар назар дошта мешавад. Чунки манфиати дин тақозо мекунад, ки дар чунин ҳолатҳо ҷони мусулмонон беосеб нигаҳ дошта шавад, то пеш раванду дар ҷанбаҳои дигаре, ки имкон доранд, кору пайкор намоянд. Ба ибораи дигар, ба ҳалокат дучор шудани мусулмон зарар ба худи дин ҳисобида шуда, маҷолро барои кофирон боз менамояд, то ба ҷойе, ки аз ин пеш барояшон масдуд буд, бароҳат ворид шаванд.
Хулоса, вақте ошкор намудани даъват ё ворид шудан ба ҷанг ба кори даъват зарар мекарда бошад, мусолиҳа кардан ва ё онро ба таври пинҳонӣ анҷом додан зарур аст. Аммо вақте ки ошкор кардани даъват мумкин ва муфид бошад, ба таври пинҳон анҷом додани он дуруст нест. Чуноне ки агар барои мусулмонон нирӯ ва имконоти дифоъ аз даъват муҳайё гарад, пас бо золимону бадхоҳони даъват мусолиҳа кардан низ, раво намебошад. Ҳамин тавр, агар василаву имконоти ҷиҳод фароҳам шавад, аз ҷиҳод бо кофирон дар ватани куфр танбалӣ кардан низ ҳаром аст.
- Чаро пеш аз дигарон маҳз ҳамин ашхос мусулмон шуданд?
Бино ба ахбори таърихи паёмбарӣ шахсоне, ки дар ин марҳала мусулмон шуданд, ғолибан, камбағалону заифон ва ғуломон буданд. Барои чӣ чунин шуд? Сирри барпо шудани давлати исломӣ бар асосе иборат аз чунин мардум чӣ буд?
Дар посух ба ин гуна саволҳо метавон гуфт, ки падидаи мазкур самараи табии даъвати нахустини ҳамаи паёмбарон мебошад. Оё Ҳазрати Нӯҳ (а) аз тарафи қавмашон мазаммат нашуданд, ки чаро пайравонашон танҳо аз ҷумлаи бенавоёну мустамандонанд?! Дар ин бора дар Қуръони карим чунин омадааст:
“ما نَراكَ إِلَّا بَشَراً مِثْلَنا وَما نَراكَ اتَّبَعَكَ إِلَّا الَّذِينَ هُمْ أَراذِلُنا بادِيَ الرَّأْيِ..” [هود / 27]
(Ва ту низ монанди мо инсон ҳастӣ ва мебинем, ки туро танҳо фурӯмоягони қавмамон, содлавҳон пайравӣ кардаанд)
Фиръавн низ бо қавмаш пайравони ҳазрати Мӯсо (а)-ро мардуми гумному залил мешумориданд. Худованд баъд аз он ки дар бораи ҳалоки Фиръавн ва қавмаш нақл мекунад, чунин мегӯяд:
“وَأَوْرَثْنَا الْقَوْمَ الَّذِينَ كانُوا يُسْتَضْعَفُونَ مَشارِقَ الْأَرْضِ وَمَغارِبَهَا الَّتِي بارَكْنا فِيها” [الأعراف / 137]
(Ва ба қавме, ки шиканҷа медиданд, қаламрави шарқу ғарби он сарзаминро (мақсад сарзаминҳои Шом), ки дар он баракат ниҳодем, ба мерос додем).
Аз қавми Самуд, ки Худованд барояшон Солеҳ(а)-ро фиристода буд, низ ба ҷуз мустамандону бенавоён ба Солеҳ касе имон наёвард. Сарварону ҷоҳталабон бошанд, аз даъвати Солеҳ рӯй тофта буданд. Худованд дар бораи онҳо чунин мегӯяд:
“قالَ الْمَلَأُ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا مِنْ قَوْمِهِ لِلَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا لِمَنْ آمَنَ مِنْهُمْ أَتَعْلَمُونَ أَنَّ صالِحاً مُرْسَلٌ مِنْ رَبِّهِ قالُوا إِنَّا بِما أُرْسِلَ بِهِ مُؤْمِنُونَ، قالَ الَّذِينَ اسْتَكْبَرُوا إِنَّا بِالَّذِي آمَنْتُمْ بِهِ كافِرُونَ” [الأعراف / 75- 76]
(Пешвоёни мутакаббири қавми Солеҳ ба мӯъминоне, ки нотавонашон меҳисобиданд, гуфтанд: “Эй аҳли имон! Оё шумо медонед, ки Солеҳ аз сӯи Парвардигораш фиристода шудааст?!” Мӯъминон гуфтанд: “Ҳамоно мо он динеро, ки ӯ барои таблиғи он фиристода шудааст, тасдиқ мекунем.”. 76) Мутакаббирон гуфтанд: “ Бешак, мо ба он чи шумо имон овардед, кофир ҳастем”.)
Зеро ҳақиқати дине, ки бо он Худованд тамоми паёмбаронашро фиристода буд, аз итоату ҳукми мардум ба итоату ҳукми Худованди ягона баромадан буд. Ин ҳақиқатест, ки пеш аз ҳама улуҳияти даъвои худоидоштагон ва ҳокимияту сарварии ҷоҳталабонро халалдор мекард. Дар муқобил, он ҳақиқат қабл аз ҳама ба дарди дили бенавоёну мустамандон ва ситамдидагон мехӯрд.
Барои ҳамин, вақте он касони даъвои худоидошта ва ҷоҳталабон ба таслим шудан ба Худои ягона даъват мешуданд, саркашиву бузургманишӣ нишон медоданд. Дар ҳоле, ки ин даъват аз тарафи мардуми мустаманду бенаво ва мазлум ба хубӣ пазируфта мешуд. Ҳақиқати мазкур дар он сӯҳбате, ки миёни Рустам, сарвари лашкари Форс дар ҷанги Қодисия ва Рибъӣ ибни Омир, як сарбози қаторӣ аз лашкари Саъд ибни Абиваққос доир шуд, бармало таҷаллӣ ёфтааст. Дар он Рустам ба Рибъӣ мегӯяд: Чӣ шуморо ба ҷанги мо овард? Чаро ба диёри мо омадед? Рибъӣ “Омадем, то мардумро аз ибодати бандагон ба ибодати Худои ягона барорем” мегӯяд ва ба қатори мардуме, ки ҳама ба чапу рости Рустам дар таъзим меистоданд, нигариста илова мекунад: Мо ба аҳволи шумо ҳавас мекардем. Акнун мебинам, ки аз ҳама бефаҳм будаед. Мо мусулмонон, ба ҳамдигар бандагӣ намекунем. Фикр мекардам, ки шумо бо ҳам мувосо доред. Ба ҷойи он коре, ки анҷом додед, беҳтар буд, ки “баъзе аз мо барои дигарон Худо мебошанд”, мегуфтед.
Бо шунидани ин суханон мардуми авому ситамдида ба ҳамигар нигариста, бо овози паст ба якдигар мегуфтанд: Ба Худо, ин арабӣ дуруст мегӯяд. Вале сарварону фармонравон бошанд, ин сухани Рибъиро чун раъде диданд, ки вуҷудашонро зада пора пора намуд. Ба ҳамдигар мегуфтанд: Сухане гуфт, ки дер боз бардагони мо шунидани онро ҳавас доштанд.
Албатта ин маънои онро надорад, ки мусулмоншавии мустамандоне, ки пеш аз дигарон ба дини нав гаравидаанд, аз рӯйи ихлос набуда, балки ба хотири он буд, ки тавассути ин дини нав аз озори золимону бузугманишон халос гарданд. Зеро дар масъалаи имон ба Худои ягонаву тасдиқи он чӣ Паёмбар (с) оварда буданд, сарварону мустамандони Қурайш яксон буданд, чун ҳама медонистанд, ки Муҳаммад дар он чӣ аз Худо хабар медиҳад, дурӯғ намегӯяд. Вале сарварону бузургманишони Қурайшро аз пайравӣ кардану сар фуруд овардан ба дини нав ҳамин ҷоҳталабиашон боз медошт. Равшантарин мисол барои ин амаки Он ҳазрат (с) Абутолиб аст. Бенавоёну мустамандон бошанд, онҳоро аз пазируфтани даъват ва пайравӣ аз он чизе монеа намешуд. Илова бар ин, ҳар яке аз онҳо вақти ба Худои ягона имон овардан эҳсос мекард, ки бо он азиз асту акнун ба султони ғайри Худо парвое надорад ва аз нирӯе ҷуз нирӯи Худо дигар ҳаргиз нахоҳад тарсид. Ин эҳсосе, ки аз самараҳои имон ба Худо мебошад, ба соҳибаш қувват мебахшад ва саодату зиндадилии ӯро меафзояд.
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки он чӣ устодони ҳамлаи фикрӣ дар ин замона месозанду мебофанд, то чи ҳад пуч будааст. Вақте онҳо даъво мекунанд, ки даъвате, ки Муҳаммад (с) анҷом додааст, зодаи муҳити арабии худаш аст ва он ҷараёни фикри арабиро дар он замон инъикос мекард.
Агар чунин бошад, натиҷаи он дар се соли аввали фаъолияти худ танҳо чил зану мард, ки боз бештарашон мардуми бенавову мустаманд ва бардаву ғулом буданд ва дар саргаҳи онҳо ғайриарабҳо: Суҳайби Румиву Билоли Ҳабашӣ истодаанд, намешуд.
Дар саҳифаҳои оянда хоҳед дид, ки ҳамин муҳити арабиашон Он ҳазрат (с)-ро ба тарки хонумон водор месозад. Ҳамин муҳит пайравонашонро маҷбур менамояд, ки ба ҳар тараф пароканда шаванд ва ба диёри Ҳабаша ҳиҷрат кунанд. Ин ҳама ба хотири он буд, ки ҳамин муҳит он даъватро, ки ба пиндори ин хоҷагон майлу афкорашро инъикос мекард, бад медид.
Барои иттиллои бештар доир ба мавзӯъ ба Сирати Ибни Ҳишом ҷ.1249 — 261 муроҷиат шавад.
Амалҳои Паёмбар (с) ба ду навъ тақсим мешаванд: амалҳое, ки аз он кас ҳамчун паёмбар содир шудаанд ва он аз ваҳйу фармудаҳои Худо сарчашма мегиранд. Дар он Паёмбар (с) ба ҷуз таблиғу расонидан ва бандагон ҷуз итоату иҷроиш чорае надоранд. Навъи дигар амалҳое, ки аз он кас ҳамчун роҳбар ва ҳоким содир шудаанд, ки он ба ваҳй ва рисолат рабте надоранд. Дар ин гуна амалҳо аз ақлу тадбир истифода шуда, мавриди муноқишаву баррасӣ аз тарафи дигарон шуда метавонанд. Ин навъи амалҳо сарчашмаи назарияи сиёсӣ дар Ислом мебошанд.
Абумуҳаммад Иззуддин ибни Абдуссалом (1181 — 1262) Шайхулислом, мулаққаб ба “Султону-л-уламо ва боиу-л-мулуки ва-л-умаро”, донишманд ва қозии маъруфи исломӣ, дар улуми фиқҳ, усул, тафсир ва забон маҳорати беназир дошта, ба мақоми иҷтиҳод расида буданд. Имом Заҳабӣ дар борааш чунин гуфтаанд: Ба мақоми муҷтаҳидӣ расида, дар зуҳду тақво сарварии мазҳаб (-и шофеӣ)-ро ноил шуда буданд.
Иззуддин ибни Абдуссалом, “Қавоиду-л-аҳком фӣ масолиҳи-л-аном”. Ҷ.1 с. 95. Барои иттилои бештар оид ба масъалаи мазкур ба китоби “Завобиту-л-маслаҳати фи-ш-шариати-л-исломия”, ки ба муаллиф таллуқ дорад, муроҷиат шавад.
Барои иттилои бештар оид ба қисса ба китоби “Итмомулвафо” нигаред.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

