Monday, February 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИқтисоди Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз пеш нарафтааст?

Иқтисоди Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз пеш нарафтааст?

Тибқи як радабандие, ки хабаргузории русии “РИА Новости” нашр кардааст, иқтисоди Тоҷикистон тақрибан дар ҳамон ҳолате қарор дорад, ки 23 сол пештар будааст.

Аммо Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки иҷтисодаш дар 23 сол ҳеҷ пешрафте накарда бошад. Иқтисоди Қирғизистони ҳамсоя ҳам тақрибан дар ҳамин ҳол аст, ки буд. Аммо Ӯзбакистон ва Молдова каме пешрафт карда, маҷмӯъаи маҳсулоти дохилиашон назар ба соли 1992 ду баробар бештар шудааст.

Баландтарин нишондиҳандаро дар ин раддабандӣ Эстония дорад, ки ММД-аш қариб чаҳор баробар афзоиш ёфта аз 7500-и соли 1992 ба сари ҳар нафар сокини ин кишвар ба қариб 29000 дар соли ҷорӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вақте аз пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мезанад, на аз маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар, балки аз зиёд шудани мошинҳо ва ҳатто телефонҳои мобилӣ назар ба замони шӯравӣ мегӯяд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular