Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗамин дар оғӯши тӯфони магнитӣ

Замин дар оғӯши тӯфони магнитӣ

Имрӯз дар сайёраи Замин тӯфони шадиди магнитӣ пешбинӣ шудааст.

Муддати дароз ягон таъсири пурзури геологии Офтоб набуд, ки аз ҷиҳати метеорологӣ асар кунад. 

Имрӯз,  шаби 9-ум  ба 10-уми  декабр таъсири шадиди магнитӣ нисбати замин дар назар аст. Ин ба массаи моддаи офтобӣ вобаста аст, ки шоми 7 декабр аз атмосфера озод шуда, инак ба сӯйи  Замин паҳн мешавад.

Тибқи индекси сайёраҳо, имрӯз, 9 декабр, таҳрифи майдони магнитии Замин 3 балро ташкил медиҳад, ки ба ихтилоли ночиз баробар аст. Шаби 10 -уми декабр бошад, он ба тӯфони сусти 5 бала табдил меёбад ва субҳ тӯфони шадид бо шиддати 7 бал мерасад,  гузориш медиҳад Gismeteo. Пас аз он, халалҳо дар соҳаи геомагнитӣ паст мешаванд. Тӯфони шадиди магнитӣ аз 18 то 22-юми  декабр пешгӯӣ шуда, авҷи он 19-уми декабр хоҳад буд.Таркишҳои хурди магнитӣ санаҳои 30-юм ваа 31-уми декабр низ имконпазиранд. 

Дар натиҷаи тӯфони магнитӣ, эҳтимоли заъф дар  алоқа, шабакаҳои мобилӣ, системаҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои барқӣ бештар аст. 

Тӯфони магнитӣ метавонад ба одамони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо  низ таъсир расонад  ва ҳар қадар тӯлонӣ бошад, одам ҳамон қадар хаста ва асабӣ мешавад. Дар айни замон, онҳо бояд ҳадди аксар оромишро  ҳифз кунанд ва ваҳми аз ҳад зиёдро чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чӣ аз ҷиҳати рӯҳӣ бартараф кунанд. Духтурон инчунин қаблан истеъмоли доруҳоро тавсия намедиҳанд

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular