Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа парвозҳо байни Душанбеву Тошканд иҷоза доданд

Ба парвозҳо байни Душанбеву Тошканд иҷоза доданд

Аз имрӯз ба анҷоми парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Тошканд иҷоза шуд, хабар медиҳад “Азия-Плюс” бо истинод ба раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“Вобаста ба рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи марбут ба коронавирус дар ҳар ду кишвар ва бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус тасмим гирифт, ки ба барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд иҷоза дода шавад. Акнун ҳар ду ҷониб ба иҷрои парвозҳо омода буда, билетҳо ба наздикӣ ба фурӯш бароварда мешаванд”, — қайд кардааст Субҳонзода.

Ба гуфтаи вай, бо хатсайри самти Душанбе-Тошканд ва бозгашт парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” анҷом медиҳанд.

“Ҳар кадоме аз ширкатҳо дар як ҳафта як парвоз анҷом медиҳад: рӯзи чоршанбе — “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” ва рӯзи ҷумъа — “Сомон Эйр”, — иброз доштааст ӯ.

Ҳамчунин Субҳонзода изҳор дошт, ки ҳамаи мусофирони раҳсипор аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ё бозпас ҳатман бояд ҳамаи тадбирҳои эҳтиёту пешгириро риоя намоянд.

“Мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ошкор мешавад, инчунин мусофироне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, бо худ надошта бошанд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”, — таъкид дошт директори Агентӣ.

Дар мавриди харидани билет ва дарёфти маълумоти бештар муфассал метавон ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ё намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат намуд.

Бо назардошти он ки имрӯз ҷумъа асту дар бораи хатсайр ба Тошканд эълоне нашудааст, ба гумони ғолиб, парвозҳо аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular