Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН дубора таҳдид кард, дар сурати бозгашташ сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний боздошт мешавад. Аммо Навалний аз тасмимаш гаштанӣ нест ва ду рӯз пас ба Маскав мерасад.
Алексай Навалний яке аз мухолифони сарсахт ва ошкоргӯйи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст. Изҳороти ФСИН рӯзи 14-уми январ ва пас аз он эълон шуд, ки Навалнийро дар Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд.
Ин дар ҳолест, ки Навалний дар Твиттер хабар дод, ният дорад рӯзи 17-уми январ ба Русия баргардад. Вай моҳи августи соли 2020 баъди он ки дар ҳавопаймои Русия заҳролуд шуд, барои наҷоти ҷонаш ба беморхонаи Берлин фиристода шуд.
Коршиносон мегӯянд боздошти Навалний баъид аст, чун дар ин сурат Русия зери бори таҳримҳои бештаре хоҳад рафт.
Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки Навалний бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Ин хулосаро Созмони байналмилалии манъи силоҳҳои кимиёӣ содир кард. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, вале Кремл иттиҳомро рад намуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

