Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОё толибаҳои муҳаҷҷабаро ба мактаб роҳ надоданд?

Оё толибаҳои муҳаҷҷабаро ба мактаб роҳ надоданд?

Дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбек хабаре таҳти мазмуни «Духтарони сатрпӯшро дар мактаби рақами 168 дар шаҳри Тошканд ба мактаб роҳ надоданд» паҳн шудааст. Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи халқи шаҳри Тошканд то чи андоза ҳақиқат доштани хабари мазкурро санҷида шарҳ дод.

Тибқи иттилои ин шӯъба, гурӯҳи кории махсуси шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Чиланзари пойтахт ин қазияро тафтиш кардааст. Зикр гардид, ки аз 11 январ дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семоҳаи сеюм дарсҳо сар шуданд. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No168 хонандагон дар раванди таҳсилоти назоратшаванда бо риояи пурраи қоидаҳои карантин ширкат меварзанд.

Тибқи таҳқиқот, дар рӯзи аввали таҳсил, даҳ нафар толибаҳои мактаб бо ҳиҷоб ба мактаб омадаанд. Маъмурияти мактаб ба духтарон ва волидайни онҳо гуфтааст, ки фарзандонашон метавонанд дар кӯчаҳо рӯймол банданд, аммо онҳо бояд ҳангоми дарс тамоми тартиби либоспӯширо риоя кунанд.

«Аммо тавре, ки дар шабакаи иҷтимоӣ хабар дода шуд, маълумот дар бораи манъи духтарони сатрпӯш ба дарсҳо тасдиқи худро наёфт», — омадааст дар гузориш.
Шӯъбаи маорифи халқи шаҳр инчунин аз волидон хоҳиш кардааст, ки ба ҷои паҳн кардани паёмҳои сохта ва тӯҳматомез маълумотро дар асоси далелҳои мушаххас пешниҳод кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular