Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон барои сохти НОБ «Себзор»тендер эълон кард

Тоҷикистон барои сохти НОБ «Себзор»тендер эълон кард

Тоҷикистон барои сохти нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар вилояти Бадахшон тендери байналмилалӣ эълом кард.

Тибқи маълумоти расонаишуда, аз ширкатҳои байналмилалӣ даъват шудааст, ки тарҳҳои худро барои мушорикат дар ин тендер то 28 феврали имсол ироа кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Себзор метавонад бо тавлиди 60 миллион киловат соат барқ дар сол, ниёзи бархе аз манотиқи вилояти Бадахшон ба барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳору тобистон низ заминаи содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам кунад.

Барои сохти ин нерӯгоҳ ниёз ба 35 миллион евро сармоя аст

Бо сохти ин нерӯгоҳ барои наздик ба 60 нафар аз коргарони ноҳияи Роштқалъаи вилояти кӯҳистони Бадахшон шуғл эҷод мешавад ва ин нерӯгоҳ барқи мавриди ниёзи 220 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақаро низ таъмин хоҳад кард.

Дар чорчӯби ин барнома барои интиқоли барқи нерӯгоҳи Себзор ба шаҳри Хоруғ хати 220 киловатӣ ба тӯли 18 километр сохта мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?