Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНавалний парда аз асрори қасри $1 млрд.ии Путин бардошт

Навалний парда аз асрори қасри $1 млрд.ии Путин бардошт

Як рӯз пас аз тамдид шудани муҳлати боздошти Алексей Навалний бо қарори додгоҳе дар Маскав, як ниҳоди вобаста ба ин чеҳраи саршиноси оппозитсияи Русия маълумотеро дар бораи дороиҳои мармузи Владимир Путин ифшо кард.

Ин таҳқиқот дар бораи қароргоҳе дар наздикиҳои минтақаи Геленҷик дар Баҳри Сиёҳ аст, ки муддатҳост бо «Қасри Путин» маъруф аст. Арзиши ин иморат ҳадди ақал сад миллиард рубл (як миллиарду 345 миллион доллар) ҳисоб карда шудааст.

Бар асоси гузориши таҳқиқотӣ, ки аз тарафи Бунёди мубориза бо фасод таҳия шудааст, ин иморат аз гулхонае ба масоҳати 2500 метри мураббаъ, як амфитеатр, чанд бинои истиқоматӣ, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона, чанд толор ва як тунели махсус, ки ба соҳил поён меёбад, иборат мебошад.

Раиси ҷумҳури Русия ҳар гуна иртибот бо ин иморати гаронқиматро рад кардааст.

Дар гузориши тасвирии бунёди Навалний, ки рӯзи 19-уми январ дар Ютюб нашр шуд, ин бино ба унвони «бузургтарин роз»-и Владимир Путин хонда шудааст, ки дар «амниятитарин» минтақаи Русия қарор дорад ва байни солҳои 2005 то 2010 сохта шудааст.

Дар соли 2010 Сергей Колесников — тоҷири рус бо нашри номае саркушода ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури вақти Русия, аз бунёди ин бино бо сармоягузории Путин парда бардошт ва дар пай аз Русия гурехт.

Тибқи ин таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасод, ин иморат ҳамакнун ба номи ширкате бо номи «Бином» аст, аммо дар воқеъ ба худи Путин тааллуқ дорад.

Таҳқиқот пеш аз боздошти Навалний анҷом шудааст. Дар ин филми ҳуҷҷатии дусоатӣ аст худи Навалний низ иштирок кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular