Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВилояти Маскав 13 000 муҳоҷир меҷӯяд

Вилояти Маскав 13 000 муҳоҷир меҷӯяд

Вилояти  Маскави Федератсияи Русия  13 ҳазор муҳоҷири корӣ ҷустуҷӯ дорад. Аз 26 ҳазор ҷойҳои кории холӣ дар соҳаи сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо дар вилояти Маскав фақат нисфаш банд аст

Майрамбек Бейшенов, намояндаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Ҳукумати Қирғизистон дар Русия ба хабаргузории Спутник гуфтааст, корфармоён дар Маскав ва вилояти Маскав барои пайдо кардани муҳоҷирон барои сохтмон, хадамоти манзилию коммуналӣ, хадамоти хаткашон, таксиҳо ва хӯроки умум дархостҳо равон кардаанд.

Бейшенов мегуяд, «Корфармоён, ҳам аз муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои бузурги хусусӣ бо мо тамос гирифтанд. Онҳо ба ҷалби муташаккилона манфиатдор буданд. Аммо масъала ҳалли худро намеёбад, зеро барои овардани шаҳрвандони мо парвозҳои мунтазамро зиёд кардан лозим аст».

Ёдовар мешавем, ки муовини якуми сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласа изҳор дошт, ки Маскав норасоии муҳоҷирони кориро баръало эҳсос мекунад.

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои густардае барои ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ ба минтақа идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular