Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУзбекҳоро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристанд

Узбекҳоро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристанд

Ҳайате таҳти сарварии вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Абдулазиз ал-Фалеҳ, ки дар Узбакистон аст, дар як қатор нишастҳо ширкат варзид. Ҳайати Арабистони Саудӣ инчунин бо вазири меҳнати Узбакистон Нозим Ҳусанов оид ба як қатор масъалаҳо мубодилаи афкор кард. 

Дар ҷараёни музокирот ба мувофиқа расиданд, ки коргарони маҳаллӣ дар лоиҳаҳои энергетикӣ бо иштироки ширкатҳои Саудӣ дар Узбакистон ширкат варзанд. Онҳо инчунин дар бораи ифтитоҳи марказҳои омӯзиши забон ва касбомӯзии узбакҳое, ки мехоҳанд дар Арабистони Саудӣ кор кунанд, баррасӣ карданд. 

Ба гуфтаи вазири меҳнат Нозим Ҳусанов, дар доираи лоиҳаҳо бо иштироки Арабистони Саудӣ мутахассисони саудӣ ба Узбакистон омада, кадрҳои маҳаллиро меомӯзонанд.  Ҳусанов мушкили асосии фиристодани коргаронро  ба Арабистони Саудӣ дар  забонҳо арзёбӣ намуд ва илова кард, ки ҷонибҳо дар ин масъала ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Қаблан, бино ба гузоришҳо, ширкатҳои Русия ба иллати нарасидани коргарони сохтмон Узбакистонро ба кор қабул мекарданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular