Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафири Тоҷикистон дар Русия иваз шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия иваз шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи президенти Тоҷикистон хабар дода, навиштааст, ки  «Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия озод карда шуд».

Ҳамчунин, собиқ сафир аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ барканор гардид.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигар Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналиро Сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин кард.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ муовини Сарвазири Тоҷикистон аст ва ҳоло фармони барканории ӯ барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Русия, қаблан раиси вилояти Хатлон буд ва дар курсии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ ифои вазифа кард.

Феълан маълум нест, ки ҷаноби Сатторов барои кадом вазифаи нав курсии сафириро канор монд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular