Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Хатлон паноҳгоҳи бисёрфунксионалӣ бунёд мешавад

Дар Хатлон паноҳгоҳи бисёрфунксионалӣ бунёд мешавад

Дар ноҳияи Ҷ.Балхи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон як паноҳгоҳи бисёрфунксионалӣ бунёд мешавад.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба хабарнигорон гуфт, паноҳгоҳ ҳам барои қабули гурезаҳо ва ҳам барои хонаводаҳои тоҷике, ки дар пайи ҳаводиси табиъӣ манзилҳои худро аз даст медиҳанд, истифода хоҳад шуд. Паноҳгоҳ инчунин барои гузарондани машқҳои қабули гурезаҳо ба кор бурда мешавад.

Ба гуфтаи Назарзода, паноҳгоҳ ҳамчунин барои қабули паноҳандагони афғон, агар вуҷуд дошта бошад, пешбинӣ мешавад. Масоҳати умумии ҷои муқарраршуда барои паноҳгоҳ 4 гектар хоҳад буд.

«Дар майдони 2 гектар иншоот барои қабули гурезаҳо бунёд карда мешавад. Сохтмони иншоот, аз ҷумла иншоотҳои зерсохторӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад», — гуфт Рустам Назарзода.

Раиси КҲФ ҷумҳурӣ ҳамчунин қайд кард, ки дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ ду иншоот сохта шудаанд, ки барои оилаҳое, ки аз офатҳои табиии эҳтимолӣ осеб мебинанд маҳсулоти ғизоӣ ва кумаки башардӯстона захира хоҳанд шуд.

Дар анбори Кушониен аллакай микдори муайяни озукаворй захира карда шудааст. Ба истифода додани анбор дар Хоруғ моҳи марти соли ҷорӣ дар назар аст.

Ин кумак ба шаҳрвандони осебдидаи Афғонистон, ки дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, низ дар назар гирифта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular