Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!

АТСА

Аксари мо ҳангоми шамолхӯрӣ, чангу ғубор, тезии бӯйи мурчу қаланфур, ё хокаи ҷомашӯйӣ, инчунин чи хеле, ки кайҳоннавардон мегӯянд, гоҳо ҳатто дар кайҳон ҳам дучори атса задан мешавем. 

Ҳамон тавре, ки  Нил Као, мутахассиси аллергия ва астма дар Гринвилл мегӯяд, системаи асабии одамони гуногун як  маром  тавр кор мекунад. Ҳангоме ки сигналҳо тавассути асабҳо интиқол меёбанд, мағз мефаҳмад, ки дар бинӣ чизе ҳаст, ки онро бояд аз он ҷо берун овардан лозим аст. Атсазанӣ моро аз моддаҳои нолозими бегона, ки вориди бинӣ шудааст, ҳифз мекунад. 

Ҳолати атса як қисми хеле муҳими системаи масуният мебошад. Ҳангоме ки мағзи сар дар бораи ягон чизи  ба бинӣ даромада хабар меёбад, маркази атса дар майна фаъол мешавад, гулӯ, чашм ва даҳон баста мешавад ва мушакҳои сандуқи сина фишурда мешавад. Дар натиҷа, ҳаво дар якҷоягӣ бо чизи нолозими воридшуда  ва луоб аз бинӣ ва даҳон берун бароварда мешавад ва шумо дар ҳамин асно атса мезанед. Атса бо суръати баланди 160 километр соат  ба вуҷуд меояд. Чи хеле, ки олим Патти Вуд гуфта буд, ҳар як атса 100 ҳазор микробро аз организм берун мекунад. 

Инчунин чидани абрӯвон ҳам ба атса задан водор мекунад. Зеро дар ин лаҳза торҳои асаби фаъолкунандаи биниро дахолат мекунед ва дар натиҷа атсазанӣ ба амал меояд. Одам ҳангоми дар хоб буданаш ҳаргиз атса намезанад.  Ҳангоми хоб, асабҳои масъули атса фаъол нестанд. Ин маънои онро дорад, ки шумо атса намезанед, агар дар ҳақиқат хоб бошед. 

Дарозтарин муддати атсазанӣ дар Англия ба қайд гирифта шуда буд, ки шаҳрванд Донна Гриффис 978 рӯз бефосила атса зад. Гоҳо шиддати берун аз назорати  атса  сабабҳои равонӣ доранд. Нури офтоби дурахшон низ метавонад аз ҳар се нафар як нафарро ба атсазанӣ водор кунад. Ин зуҳуротро «рефлекси атсаи хуршедӣ» низ меноманд, ки ҳар дафъае, ки шумо ба офтоб ё нури офтоб нигоҳ мекунед, рух медиҳад. Ҳоло маълум нест, ки чаро ин ҳодиса рух медиҳад, аммо маълум аст, ки аз нури хуршед атса задан ирсӣ мегузарад. 

Ҳар фарди рӯйи дунё албатта дучори атсазанӣ мешавад. Ҳангоми атса  ҳавои дохил он қадар бо фишори  баланд мебарояд, ки чашмон ба таври автоматикӣ пӯшида мешаванд. Дар ҳоли чашми кушода атса задан имкон надорад, аммо аз рӯйи кунҷкобӣ мабодо чашмро кушода истода, атса заданӣ нашавед ҳам. Ин ҳолат ба чашм хавф дорад. 

Равоншиносон аз рӯйи тарзи атсазанӣ хислати бархеро муайян кардаанд. Масалан, одамоне, ки аз тойи дил бо овози баланд атса мезананд, доимо идеяҳои гуногун доранд ва дар пайи паайдо кардани ҳамсӯҳбати наву сӯҳбатҳои гувороянд. 

Нафароне, ки зуд ва бидуни боздорӣ ногаҳон атса мезананд, одамони мустақил ва аксар фурсат танҳоянд. Онҳо бо қатъият ва дақиқ будан нисбат ба дигарон фарқ мекунанд, онҳо одати такя ба дигарон надоранд, аз эшон роҳбарони хуб мебарояд  ва вақте касе  кӯшиши истифодаи онҳоро мекунад, дӯст намедоранд.  

Соима Саидӣ 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular