Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет39 нафар қирғизистонӣ марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд

39 нафар қирғизистонӣ марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд

Дар нишасти хабарӣ раиси додгоҳи вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода иттилоъ дод, ки дар як сол 39 шаҳрванди Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии  марз ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Оиди ҷарима, ё ҳукми зиндони ин нафарон дақиқан чизе гуфта нашуд. 

Тибқи муқаррароти қонуни Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марз 

ҷарима аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 2 то 5 солро дар бар мегирад. 

Дар нишасти хабарии нимсолаи соли 2021 Бахтиёр Оқилзода гуфта буд, ки 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ҷазо гирифтаанд. Аз ин иттилоъ бармеояд, ки шумори ҷинояти убури марз афзудааст. 

Сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаи барномаҳои мустақими ютубӣ шикоят аз он доранд, ки шаҳрвандони Қирғиз то рафт наздиктар ба манотиқи марбути Тоҷикистон маскан мегиранд. Як сокини деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба барномаи онлайнии “Парандаҳои муҳоҷир” тамос гирифта гуфт:” Солҳои охир дар кӯчаҳои деҳа одамони чеҳраи қирғизӣ доштаро то рафт бештар вохӯрдан мумкин. Мо дар ҳавлии масоҳаташ 5 сотих 24 нафар зиндагӣ мекунем, аммо барои атрофи ҳавлии худро девор бардоштан имкон надорем. Ҳамсояамон як мӯйсафеду пиразан бо як нафар набераашон шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд, ки 25 сотих заминро азхуд карда гирифтаанд. Ҳанӯз солҳои 2000-ум дар ин мавзеъҳо ягон нафар қирғизҳоро намедидем.” 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular