Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз 12 март гуфтушуниди намояндагони ду кишвар оғоз шуд.
Тавре хабаргузории Турмуш иттилоъ додааст, ин вохурӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара, ки бо гузаргоҳи “Қизил-бел”-и ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст, мегузарад.
Гуфта мешавад, ҳайати намояндагони Қирғизистонро Уларбек Шаршиев, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва ҳайати намояндагони Тоҷикистонро Раҷаббой Азмадзода, раиси ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд.
Худи ҳамин рӯзи 10 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат гирифта дар натиҷа як сарбоз кушта ва як ғайринизомӣ захмӣ шуд. Аз сарбоз Сунатулло Самадов ном мебаранд.
Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ки дар ин ҳодиса аз ҷониби онҳо касе осеб надид.
Бино ба иттилои расонаҳо ҳодиса дар марзи Чоркӯҳ ва Бодканд, дар наздикии хоҷагии тухмипарварии рақами 4, рӯй додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

