Мушовири Владимир Зеленский пешбинӣ кардааст, ки ҷанг эҳтимолан дар моҳи май тамом шавад. Музокирот барои расидан ба тавофуқ барои поёни ҷанг идома хоҳад ёфт ва ҳамзамон гузоришҳо ҳокӣ аз шиддат гирифтани ҳамалоти Русия ба шаҳрҳои мухталифи Укроин аст.
Давлати Укроин канале барои эҳдои арзи диҷитол роҳандозӣ кард
Давлати Укроин бо ҳамроҳии чанд плотформи арзаи арзи диҷитол як веб-сайт барои эҳдои кумак аз тариқи ин арзҳо роҳандозӣ кардааст. Александр Борняков, муовини вазорати таҳаввули диҷитоли Укроин гуфтааст, ки арзҳои диҷитол нақши муҳимме дар таъмини манобеъ молии дифоъии Укроин доранд ва «интиқоли кумак барои шаҳрвандон ва сарбозони укроинииро осон мекунад». Веб-сайтм Аid for Ukraine ба корбарон ин имконро медиҳад, ки кумакҳои молии худро бо 10 арзи диҷитоли мухталиф ирсол кунанд, ки сипас ба доллар табдил мешавад.
Гуфта шудааст, ки аз ҳангоми роҳандозии ин веб-сайт наздик ба 50 миллион доллар зарфи як шаб ҷамъоварӣ шудааст. Давлати Укррин гуфтааст, ки ин пул барои ҳимоят аз артиш ва ҳамчунин ғайринизомиёне истифода хоҳад шуд, ки «ба шиддат ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд».
Ҷанг эҳтимолан то моҳи май поён меёбад
Алексей Арестович, мушовири раиси ситоди раёсатҷумҳури Укроин дар видеое эълом кард, ки тарафайн эҳтимолан то авоили моҳи май ё «шояд ҳам хеле зудтар ба як тавофуқи сулҳ» бирасанд. Музокирот миён иРусия ва Укроин имрӯз, сешанбе, 15 март идома хоҳад ёфт.
Ҳамзамон гузоришҳо ҳокӣ аст, ки ҷанг бо шиддат дар тамоми нуқоти Укроин идома дорад. Чандин инфиҷор пойтахтро ларзонда ва талоши артиши Русия барои муҳосираи комили Киев идома дорад. Русия талош мекунад аз муттаҳидони худ дар ин ҷанг, аз ҷумла Чин кумак бигирад.
Нерӯҳои чеченӣ ҳамла ба Мариуполро раҳбарӣ мекунанд
Ба гуфтаи Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, нерӯҳои чеченӣ ҳамлаи Русия ба шаҳри бандарии муҳимми Мариупол дар Укроинро раҳбарӣ мекунанд. Қодиров дар канали телеграмиаш хабар дод, ки ҷангҷуёни чеченӣ ҳудуди 1,5 километр ба дохили шаҳри канори Баҳри Азов пешравӣ кардаанд.
Бино бар ин хабар, онҳо ҳамлаи худро бо фаро расидани шаб мутаваққиф кардаанд. Ў гуфт, ки муттаҳиди наздикаш Адам Зелимханов, нирӯҳои чечениро дар Мариупол раҳбарӣ мекунад.
Дастикам се инфиҷор бузург дар Киев
Хабаргузории Фаронса гузориш додааст, ки дар соатҳои гузашта то кунун садои дастикам се инфиҷори қавӣ дар маркази Киев, пойтахти Укроин шунида шуда ва артиши Русия ба талоши худ барои муҳосираи шаҳр идома медиҳад. Ниме аз сокинони Киев бино бар ин хабаргузорӣ, ҳанӯз дар шаҳр ҳастанд.
Танҳо роҳи хурӯҷ аз Киев аз ҳавмаи ҷануби он аст. Шимолу шарқӣ ва шимолу ғарби шаҳр саҳнаи даргириҳои шадид аст. Яке аз мушовирони Владимир Зеленский гуфта, ки шаҳр дар ҳол омода шудан барои «дифоъи шадид» аст.
Беш аз 2000 ғайринизомӣ дар Мариупол кушта шудаанд
Ба гуфтаи мақомоти Шӯрои шаҳри Мариупол аз оғози таҷовузи Русия ба Укроин то кунун 2357 ғайринизоми дар Мариупол, дар ҷануби шарқи Укроин кушта шудаанд. Ин шаҳри бандарӣ бо ҳудуд 400 ҳазор ҷамъият барои рӯзҳо тавассути воҳидҳои русӣ муҳосира ва иртиботи он бо бақияи кишвар қатъ шудааст.
Мақомоти укроинӣ аз ҳамалоти ҳавоии шадид ба шаҳр хабар медиҳанд. Петро Андриюченко, мушовири шаҳрдори Мариупол, вазъияти шаҳрро ғайриинсонӣ хонда ва онро «бидуни ғизо, об, бидуни нур, бидуни гармо» тавсиф кардааст. Ў гуфтааст, ки аз маргумири бештар бим дорад ва бо афзоиши шиддати ҳамалот мумкин аст теъдоди қурбониён ба 20 ҳазор нафар бирасад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

