Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоли анҷомшавист

Хатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоли анҷомшавист

Намояндагони гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки аломатгузории марзи давлатии ду кишвар дар ворхӯрии охири худ хатти лоиҳавии аломатгузории сарҳади ду давлатро омода кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ аз 28 март то  2 апрели соли 2022 дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон баргузор гардида, дар рафти вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодоти мувофиқашуда дар мавриди хатти лоиҳавии аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расидаааст.

Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расида буданд.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Қаблан “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд. Вале маълум мешавад, ки ин кор тӯл кашид.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular