Дар Душанбе масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Дар ниҳояти мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷузъиёти протоколи ба имзорасида эълом нашудааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар масоили делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора имрӯз, 11 апрел хабаргузории avesta.tj бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, аз 5 то 10 апрел дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи ин мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои корӣ дар қаламрави Қирғизистон баргузор шавад. Ҷузъиёти дигари ин мулоқот эълом нашудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

