Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТазоҳуроти шаҳрвандони хашмгини Афғонистон дар баробари сарконсулгарии Эрон дар Ҳирот

Тазоҳуроти шаҳрвандони хашмгини Афғонистон дар баробари сарконсулгарии Эрон дар Ҳирот

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Афғонистон рӯзи душанбе бо шиори “Марг бар Эрон”, дар баробар сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Ҳарот таҷаммӯъ карданд. 

Ин таҷаммӯъи эътирозӣ дар пайи интишори файлҳои видеоӣ аз зарбу шатми паноҳҷӯёни афғон аз сӯи маъмурони марзбонӣ ва шаҳрвандони оддии эронӣ баргузор шуд. Ҳанӯз сиҳатии ин видеоҳо маълум нест. 

Сафорати Эрон дар Кобул рӯзи якшанбе ин тасовирро сохтагӣ ва беасос хонда ва эълом карда буд чунин овозаҳо барои осеб расондан ба равобити таърихии ду кишвар пахш мешавад. 

Мӯътаризон ба сохтмони консулгарии Эрон дар Ҳарот ҳамла карда ва дурбинҳои атрофи онро шикастанд. Онҳо шиори “Марг бар Эрон” ва “Эрон як кишвар қотил аст” сар медоданд ва парчами Ҷумҳурии Исломии Эронро ба оташ кашиданд. 

Эрон яке аз бузургтарин кишварҳои пазирои паноҳҷӯёни афғон дар чаҳор даҳаи гузашта будааст. Дар ҳафтаҳои ахир илова бар тасовири зарбу шатм, интишори бархурди Корун Ҳумоюнфар, мусиқидони эронӣ бо як шаҳрванди афғон дар як барномаи “истеъдодёбӣ” ба шиддат хабарсоз шуда буд. 

Вазорати умури хориҷаи Эрон аз Толибон хостааст то амнияти маконҳои дипломатикро таъмин кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular