Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶопон алайҳи духтарони Путин таҳримот ҷорӣ кард

Ҷопон алайҳи духтарони Путин таҳримот ҷорӣ кард

Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфтааст, ки Ҷопон алайҳи 397 шаҳрванди Русия, 25 ширкат ва ду бонк таҳрим ҷорӣ кардааст. Дар миёни русҳо, ки дар феҳристи таҳримҳо қарор доранд, Катерина Тихонова ва Мария Воронтсова, ки расонаҳо онҳоро духтарони Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия унвон кардаанд, ҳамчунин ҳамсару духтари вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров Мария Лаврова ва Екатерина Винокурова ҳастанд. Дар феҳристи таҳримҳо вакилони Думаи давлатӣ низ шомил шудаанд.

Илова бар ин, маҳдудиятҳо бастани дороиҳоро низ дар бар мегиранд. Онҳо ба ду бонки Русия – «Сбербанк» ва «Альфа-банк», инчунин даҳҳо корхона, аз ҷумла Корпоратсияи мушакии тактикӣ ва Бюрои давлатии мошинсозии «Вымпел» таъсири амиқ мерасонанд.

Қаблан Бритониё ва Амрико алайҳи хонаводаҳои «духтарони Путин» ва дигар мақомоти Русия таҳримҳо ҷорӣ карда буданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular