Вазири адлияи Қазоқистон Қанат Мусин ба ВАО хабар дод, ки нисбати наздикони раисҷумҳур мамнуияти нав чорӣ мешавад. Минбаъд бародар, хоҳар ва фарзандони раисҷумҳур дар ширкатҳои миллӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор намекунанд.
Вазир гуфт: «Қосим-Ҷомарт Токаев дар муроҷиатномаи охирини худ ба масъалаи бо кор таъмин намудани наздикони раисҷумҳур алоҳида таъкид карда гуфта буд, ки бо дарназардошти он, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар кафолат дода мешавад, пешниҳод мекунам, ки хешовандони наздики раисҷумҳур тибқи конститутсия аз ҳаққи ишғоли мансабҳои раҳбарӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ маҳрум карда шаванд.
Дар ҳамин ҳол ӯ тавзеҳ дод, ки бар асоси қонун чӣ касоне аз бастагони наздики раисҷумҳур маҳсуб меёбанд ва дар кадом вазифаҳо наметавонанд кор кунанд.
Тибқи қонун ба хешовандони наздик волидайн, фарзандон, фарзандхондагон, бародарону хоҳарон, бобою бибию набераҳо дохил мешаванд. Илова бар ин, қонунгузории зидди фасод нисбат ба қудоҳо ва хешовандони наздики ҳамсарон низ маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст.
Пас аз эътибор пайдо кардани қонуни мазкур, наздикони раисиҷумҳур аз мақомҳо барканор хоҳанд шуд.
Вазири адлия инчунин илова кард: «Умуман дар конститутсия муқаррароте ворид мешавад, ки ба хешовандони наздики раисҷумҳур ишғоли мансабҳои сиёсиро манъ мекунад. Теъдоди вазифаҳои сиёсӣ хеле густарда аст. Ба он як катор дипломатхо низ дохиланд. Ҳар кас метавонад рӯйхати мансабҳои сиёсиро аз назар гузаронад.”
Ин тасмим дар Қазоқистон дар ҳолест, ки Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишвар ба курсии тамоми вазифаҳои калидӣ пайвандони худро шинонида буд. Баъди ба сари қудрат омадани Қосмҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури феълии Қазоқистон на фақат пайвандони Назарбоев, ҳатто худи ӯ низ аз масъулиятҳои калидӣ ба канор зада шуд.
Дар Тоҷикистон бошад, ҳукуматдории хонаводагӣ идома дорад. Ғасби ҳокимият ва дороии кишвар беш аз пеш меафзояд. Рӯз то рӯз аз ҳисоби фарзанду домоду наберагон ба як хунтаи бузург дорда мубаддал мешавад.
Оё рӯзе мерасад, ки мисли Қазоқистон дар Тоҷикистон низ хешовандони наздики раисҷумҳур аз ҳаққи ишғоли мансабҳои раҳбарӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ маҳрум карда шаванд?
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

