Абдуманнон Шералиев
Баъди шурӯъи ҷанги Укроин қурби пули русӣ то 170 рубл барои 1 доллар суқут кард, аммо ҳафтае пас бо суръат рӯ ба болоравӣ овард ва ба сатҳи қаблазҷангӣ ва ҳатто болотар аз он расид. Ҳоло беш аз 40 рӯз аст, ки рубл қурби худро ҳифз кардааст ва чунин тасаввуре ҳам шакл гирифта, ки таҳримҳо воқеъан таъсири камтаре ба иқтисод ва қурби пули Русия доранд.
Аммо оё воқеъан чунин аст ва ҳамон гуна, ки садҳо ҳазор муҳоҷиру хонаводаҳояшон умед мебанданд, қурби рубл ҳамчунон собит хоҳад монд?
Барои дарки бештар аз мавзӯъ, биёед аввал сабабҳои болоравии қурби рубл ва суботи онро баррасӣ кунем ва бубинем, ки оё ин сабабҳо ҳамешагиянд ё муваққатӣ.
- Захираҳои бесобиқаи арзии Русия
Русия солҳо ба ин ҷанг омода мегирифт қисме аз маблағи бадастомада аз фурӯши нафу газро барои он захира мекард. Нафту газ ҳанӯз қабл аз шурӯъи ҷанг ба болотарин сатҳи қимати худ расида буданд ва баъди шурӯъи ҷанг чанд рекорд шикастанд. Русия тавонист бо истифода аз фурсат дар чанд моҳи қабл аз чанг садҳо млрд доллар захира кунад. Ҳарчанд беш аз $300 млрд пули Русия дар хориҷ ҳабс шуд, дар дохил ҳам захираҳои ҳангуфт дошт, ки барои чанд моҳи ҷанг кифоят мекунад.
2. Қимати болои нафту газ дар ҳоли ҳозир
Ҷанги Русияву Укроин қимати нафту газро ба таври бесобиқа боло бурдааст. Ҳар бушка нафт ва ҳар МВт (95 куб) гази русӣ беш аз 100 доллар қимат доранд. Бо вуҷуди ин ки Ғарб бо суръат роҳҳои наҷотёбӣ аз вобастагӣ ба нафту гази Русияро меҷӯяд, ин кор саҳл нест ва наметавон ҳатто дар 1-2 сол ба он даст ёфт. Дар ҳоле, ки Русияро зери таҳримҳои бесобиқа дар таърих гирифтааст, Ғарб ҳамоно нафту газро аз он харидорӣ мекунад ва ҳамроҳ бо харидорони дигар беш аз $30 млрд ҳар моҳ баҳои нафту газ ба ин кишвар мепардозад. Тибқи пешбиниҳо, дар соли 2022 Русия аз фурӯши нафту газ $320 млрд ба даст хоҳад овард, ки $85 млрд бештар аз соли 2021 ва $180 млрд ё 2,5 баробар бештар за соли 2020 аст.
3. Сатҳи болои суди бонкӣ
Чанд рӯз пас аз шурӯъи ҷанг алайҳи Укроин Бонки марказии Русия бо афзоиши дубаробарии сатҳи суди бонкӣ онро ба 20 дарсад расонд. Ҳарчанд ин қисмати кумак ба иқтисоди Русия ва қурби рубл аз кисаи мардум аст, он ҳам ба тавре чашмрасе ба қурби рубл кумак мекунад.
4. Бештар шудани содирот аз воридот
Таҳримҳои Ғарб садди бузурге барои воридоти ҳазорҳо намуд молу маҳсулот ба Русия гашт. Дар муқобил қимати болои нафту газ маблағи бадастоянда аз фурӯши онро хеле афзоиш дод. Дар натиҷа, содироти Русия аз воридоташ хеле боло гирифт. Ин сабаб мешавад, ки ҳаҷми зиёди асъор дар дохили кишвар бимонанд. Қимати асъор ҳам мисли молу коло қисман ба ҳаҷмашон дар бозор бастагӣ дорад. Яъне ҳар қадар бештар шуд, қиматаш поинтар меравад.
5. Контроли интиқоли пул ба хориҷ
Русия контроли шадиде бар интиқоли пул ба хориҷ ва хариду фурӯши асъор дар дохил вазъ кардааст. Барои мисол берун бурдани беш аз 10 000 доллар мамнӯъ шуда. Ҳамчунин таҳримҳои Ғарб бар олигархҳои рус ва назорати шадиди давлат болои фаъолияти онҳо боис шудааст, ки интиқоли пул аз Русия ба офшорҳову суратҳисобҳои хориҷӣ, ки солона беш аз $100 млрд.ро ташкил медод, қатъ шавад ва сабаби боқӣ мондани садҳо млрд дар ин кишвар гардад.
6. Таъсири равонии бархе иқдомҳо
Ба қурби асъор эълону иқдомҳои сиёсатмадорон, пешбиниҳои марокизи таҳлилӣ ва ҳатто овозаҳо ҳам таъсир мерасонанд. Ҳамон гуна, ки ҳоло дар Тоҷикистон овозаи беқурбтар шудани доллару боз ҳам болотар рафтани қурби рубл мардумро ба бонкҳо бурдааст, то долларҳои худро ба рубл иваз кунанд. Яке аз пуртаъсиртарин эълонҳо ба қурби рубл эълони Путин мабнӣ бар қабули танҳо рубл бар ивази нафту газ аз харидорон буд. Ҳарчанд Ғарб ба ин зарбулаҷали (ултиматум) Путин эътиное накард ва ҳеҷ кишвари ғарбие омода нашуд пули нафту газро ба рубл бипардозад, танҳо ҳамин эълон кофӣ буд, ки қурби рублро чанд дарсад боло барад.
Ин омилҳо барои кӯтоҳмуддат хеле қавиянд ва ҳатто қодиранд бар хилофи хостаи мақомоти Русия низ рублро тақвият диҳанд. Яъне агар мақомоти Русия хост рублро каме заъфтар аз ончи ҳаст гардонад, дар кӯтоҳмуддат ин имконро нахоҳад дошт, чун ҳаҷми рубл дар кишвар камтар ва асъори хориҷӣ бештар шудааст. Барои ин кор бояд масалан сад аз роҳи интиқоли пул ба хориҷро бардорад, аммо бо дарназардошти ин ки ба зудӣ вазъ комилан баръакс хоҳад шуд, ин корро намекунад.
Омилҳои болоравӣ ва суботи қурби рубл бештар аз онҳоеанд, ки зикрашон дар боло рафт. Ба хотири тӯлонӣ нашудани матлаб бо ҳаминаш иктифо мекунем.
Оё майдондории рубл тӯлонист?
Ҳарчанд қимати болои нафту газ маблағҳои ҳангуфте ба хазинаи Русия мерезанд, танҳо фурӯши нафту газ наметавонад иқтисоди Русияро, ки зери таҳримҳои шадид рафтаанд ҳифз кунад. На иқтисоди Русия дар сатҳест, ки тавонад бо ин уна таҳримҳо муқобилат кунад, на рубл воқеъан арзи қобили табдил (конвертируемая валюта) аст. Ҷуғрофиёи гардиши рубл аз кишварҳои ИДМ хориҷ намешавад.
Албатта таҳримҳо ҳам наметавонанд дар кӯтоҳмуддат зарбаи муҳлик ба иқтисоди Русия зананд ва дар ҳамин чанд моҳ онро ба зону дароранд. Аммо ҳамон гуна, ки ба Ғарб сол ё чанд сол лозим аст аз вобастагӣ ба газу нафту Русия наҷот ёбад, ба таҳримҳо ҳам ҳади ақал 5-6 моҳ лозим аст, то таъсири эҳсосшаванда ба иқтисоди Русия расонанд.
Новобаста аз он ки Русия ҳамкориҳояш бо Чину Ҳинд ва кишварҳои дигари шарқиро тақвият медиҳад, наметавонад аз таъсири шадиди таҳримҳо ҷилавгирӣ кунад. Ин таҳримҳо садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ширкату корхонаҳои Русияро комилан ё ҳади ақал қисман аз кор бозмедоранд, миллионҳо нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд, соҳаи технолоҷии Русия чанд даҳсола ақаб меравад ва ғайра. Барои мисол, Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав эълон кард, ки бинобар тарки Русия кардани ширктаҳои хориҷӣ танҳо дар Маскав 200 000 нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд.
Бонки амрикоии JP Morgan ҳам дар охирин гузоришаш эълон кард Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии Русия соли ҷорӣ 8,3 дарсад ва соли оянда 3,5 дарсад камтар хоҳад шуд. Ин рақам ё уфти иқтисодӣ хеле бузург аст ва садҳо ҳазор шуғли аздастрафтаро дар пай дорад.
Пули нафту газ, ҳатто агар қимати баланди он як-ду соли дигар ҳам ҳифз шуд, наметавонад ин ҳамаро ҷуброн кунад. Захираҳои Бонки марказии Русия ҳам беохир нестанд ва ба зудӣ поён хоҳанд ёфт. Ба ин нукта чанде қабл раҳбари БМ Русия Элвира Набиулина ҳам ишора кард ва гуфт давлат бояд оҷилан чораандешӣ кунад, чун захираҳо тавони ҷуброни зарарҳои воридшавнадаи иқтисодӣ аз таҳримҳоро надоранд.
Қимати нафту газ ҳам наметавонад тӯлонӣ гарон бокӣ бимонад. Аввалан талаботи иқтисоди ҷаҳонӣ, сониян кӯшишҳои Амрикову Ғарб барои эътидоли вазъ, солисан тахфифҳое, ки Русия ба Чину Ҳинд дар фурӯши нафту газ медиҳад, қимати онро ба зудӣ поин хоҳад бурд.
Поинравии қимати нафту газ аз як тараф ва афзоиши воридоти Русия аз Шарқ, бахусус Чин боиси каматр шудани фарқи содироту воридоти ин кишвар хоҳад шуд.
Суди бонкӣ ҳам, ки бо гумони ғолиб чанд муддат ҳифз хоҳанд шуд, тӯлонӣ наметавонад ба қурби рубл таъсири мусбат расонад. Бо амиқтар шудани бӯҳрон талабот ба қарзи бонкӣ ҳам каматр мешавад.
Бо гузашти чанд моҳ мардум таъсири таҳримҳоро дар пӯсти худ эҳсос хоҳад кард ва таъсири равонии иҷдомоту тасмимҳои мақомот ба қурби рубл бо шиддат кам мешавад.
Новобаста аз ҳифзи қурби рубл, таваррум дар Русия ба беш аз 17% расидааст, ки дар таърихи ин кишвар камсобиқа аст. Тавваррум ҳам ба қурби пул таъсири мустақим дорад.
Бинобар ин ҷанд омил ва омилҳои зиёди дигар, қурби рубл ба зудӣ рӯ ба коҳиш хоҳад овард. Албатта ин “зудӣ” вобаста аз идомаи чанд омили дар бахши аввали ин навишта зикршуда вобаста аст ва пешбинӣ кардани ҳамони дақиқи шурӯъи он имкон надорад. Аммо майдондории рубл бештар аз чанд моҳи дигар тӯл нахоҳад кашид.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

