Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМерганҳо дар кӯҳҳои Хоруғ чӣ кор мекунанд? (навор)

Мерганҳо дар кӯҳҳои Хоруғ чӣ кор мекунанд? (навор)

Гурӯҳе аз мерганҳо (снайперҳо) дар кӯҳҳои атрофи Хоруғ дар ҳоли мустақар шудан ҳастанд. Дар ин бора Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва зодаи Хоруғ бо нашри наворе хабар дод.

Ӯ навишт “манбаъ аз Хоруғ хабар медиҳад, ки ҳамин ҳоло соати 11 ба 12-и 22.04.22 бо вақти Душанбе ба талу теппаҳои канори Хоруғ боз мерганҳо боло шудаву чархбол низ чарх мезанад”. 

Ҳанӯз маълум нест чаро низомиён боз Хоруғро иҳота кардаанд. Қаблан пас аз ҳар чунин иқдом амалиёти низомие дар Хоруғ пиёда мешуд.

Ин ҳам наворе аз ин истиқрори мерганҳо дар кӯҳҳои Хоруғ, ки Шерзамонов нашр кардааст:

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular