Тибқи иттилоъи манобеъи Паём чанд рӯз аст, ки гурӯҳи кории 4 нафара аз Агентии давлатии мубориза бо фасод дар шаҳри Истаравшан фаъолияти идораи кумитаи замини ин шаҳрро тафтиш мекунанд.
Гуфта мешавад тафтиш ва ҷамъоварии аснод пас аз нашри таҳқиқоти Паём таҳти унвони «» дар агентӣ шурӯъ шуда, ҳоло муфаттишон “ба чои ҳодиса” фиристода шудаанд. Дар он мақола мо схемаи корупсионии мақамдорони давлатӣ дар дувумин шаҳри бузурги Суғд ифшо карда будем.
Дар он асосан аз заминфурӯшии раиси кумитаи заминсозии шаҳри Истаравшан зери ҳимояи додситони шаҳр Музаффарзода Шӯҳрат, ки домоди сардори КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҳам ҳаст сухан мерафт.
Ин гурӯҳи муфаттишон, ки гуфта мешавад аз афроди боэътимоди роҳбари агентии мубориза бо фасод Султонзода Сулаймон Саид мебошанд ҳоло бо ду мошини тамғаи Тайота Кемрии ранги сиёҳ ва ё бо як мошин аммо бо рақамҳои давлатии гуногун дар минтақаҳои шаҳри Истаравшан сафарҳо анҷом дода, фаъолияти кумитаи заминро дар ҷойҳо месанҷанд.
Манобеъ мегӯянд муфаттишон бар зидди ду корманди баландпояи кумитаи замини шаҳри Истаравшан — раиси он Нуруллозода Ғайрат ва муовинаш Ғаффорзода Ғулом асноди зиёде ҷамъоварӣ кардаанд, ки барои боз кардани як парвандаи фарогир кофӣ аст.
Шурӯъи тафтишот сабаб шудааст байни раиси кумитаи замин Нуруллозода ва роҳбари МБТИ-и шаҳр Қурбонов Зафар ҷанҷолҳои лафзӣ ва ҳатто ба қавли шоҳидон то муштзании ин ду порахӯр расад. Ҳоло ин ду нафар айбро ба дӯши якдигар мепартоянд, то аз об хушк бароянд. Ин ду нафар бо кӯмак ва маслиҳати якдигар хеле корҳои ғайриқонунӣ анҷом дода буданд.
Бояд гуфт қисми асосии “бизнес”-и роҳбарони кумитаи замин аз заминфурӯшӣ ва бекор кардани қарорҳои раиси собиқи шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода, ки ҳоло рӯзашро дар зиндон мегузаронад, иборат буда бо ҳар роҳ аз мардум маблағ меситонданд.
Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ин ҳама ҷиноятҳо зери сарпарастӣ ва “ҳидоятҳо”-и додситони шаҳр Музаффарзода Шӯҳрат анҷом меёфт. Имрӯз, ки гурӯҳи муфаттишони агентии давлатии мубориза бо фасод маълумотҳои нашркардаи Паёмро месанҷанд, додситони шаҳр (домоди Ятимов) худро аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии худ канор гирифтааст. Заминфурӯшон ё “иҷрокунандагон”-и ҷиноят ҳам аз гирифтани номи домоди раиси Кумитаи амнияти кишвар метарсанд ва байни обу оташ қарор доранд.
Манобеъи Паём мегӯянд бо ҳадафи пешгирии аз руй задани маълумотҳо дар бораи ҷиноятҳои худ, додситони шаҳр ёрдамчии худ Мирзозода Қадриддинро ба назди муфаттишон фиристодааст, то ӯ нақши миёнарав байни роҳбарони идораи кумитаи замин ва муфаттишонро иҷро кунад. (Дар бораи Мирзозода ва дигар “қаҳрамонон”-е, ки зикрашон рафт дар мақолаи қаблӣ бихонед)
Тибқи иттилоъи манобеъ, дирӯз, 25 апрел ба гурӯҳи муфаттишони Агентии давлатии мубориза бо фасод аз ҷониби ёрдамчии додситони шаҳр 40 ҳазор доллар пора пешниҳод шудааст, то парванда боз накунанд, аммо то бегоҳ ҷонибҳо ба созиш нарасида буданд, яъне муфаттишон ба ин маблағ розӣ нашуданд ва шояд маблағи бисёртар пешниҳод шавад.
Ногуфта намонад, ки раиси кумитаи заминсозии шаҳри Истаравшан Нуруллозода Ғайрат яке аз харидорони курсии раиси шаҳр ба ҳисоб меравад. Барои ин ӯ, тибқи гуфтаи худаш дар як маърака ҳангоми мастӣ, бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯи маблағи 500 ҳазор доллар тавофуқ карда буд. Дар ин бора ҳам Паём муфассал дар матлаби қаблии худ навишта буд.
Ҳоло «карйераи» Нуруллозода зери хатар қарор дорад ва маълум нест ояндаи ин раиси заминфурӯш ва аз шогирдони “бомаҳорати” Раҷаббой Аҳмадзода чи хоҳад шуд, ё пулҳои барои харидани курсии раиси шаҳр захиракардаашро ба муфаттишони Агентии мубориза бо фасод медиҳаду ҷонашро мехарад ё назди раиси собиқи шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода меравад. Албатта ин аз маҳорати ӯву “устодаш” Аҳмадзода ва дастгирии ҳампаймонаш Музаффарзода вобаста аст. Онҳо ё Нуруллозодаро мехаранд ва ё ба ҳайси барраи қурбонӣ истифода мекунанд.
Бо дарназардошти мавқеъи торафт тангшудаистодаи Ятимов дар қудрат, имкон дорад пои домодаш Музаффарзода ҳам дар ин қазия кашида шавад.
Манобеъ мегӯянд муовини ин раиси кумитаи замини Истаравшан Ғаффорзода Ғуломро, ки барои хизматҳои хубаш ба додситони шаҳр лақаби «мурғе, ки тухмҳо тиллоӣ меорад» машҳур буд, бо хотири дур карданаш аз “макони ҷиноят”, ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳайси муовини раиси кумитаи замин гузаронида шуда буд. Аммо мақомоти он ноҳия қабул накарданд. Ҳомиёнаш Ғаффорзодаро ба ҷои қаблиаш ба Истаравшан баргардонданд. Ҳоло ӯ ҳам маҷбур аст бо тими Султонзода ҳисоб китобро баробар кунад.
Салмон Султонзода
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

