Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар н. Рудакӣ ду узви мансабдори ҲХДТ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд

Дар н. Рудакӣ ду узви мансабдори ҲХДТ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуданд

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду корманди як ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми қаллобӣ хабар медиҳад.

Бинобар иттилоъи маркази матбуотии раёсати мубориза бо фасод, узви фаоли ҲХДТ Саъдуллоев Ҳақназар Файзуллоевич, ки ба ҳайси мутахассиси пешбари бахши андози ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кор мекардааст бо узви дигари ин ҳизби ҳоким Гулмуродов Зокирҷон Иргашович,  муовини раиси ҳамин ҷамоъат дар қаллобӣ гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, ки Саъдуллоев ва Гулмуродов бо бастани шартнома аз як шаҳрванд, ки номаш дар хабар зикр нашудааст, барои омода намудани шиносномаи техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин 13 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия Ҳакназар Саъдуллоев ҳангоми аз ин шаҳрванд гирифтани 13000 сомонӣ дастгир карда шудааст.

Нисбати Гулмуродов ва Саъдуллоев бо моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои баррасии минбаъда ба суд ирсол шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular