Сардор Бердимуҳамадов, раисҷумҳури Туркманистон ба ширкати давлатии «Nebitmaş»-барои харидории алюминий аз ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик”-и Тоҷикистон иҷоза дод. Дар ин бора иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилоъи манбаъ Nebitmaş қасд дорад аз Тоҷикистон 10 ҳазор тон алюминий харад. Хабаргузорӣ ҳадафи харидории алюминий аз Тоҷикистонро “таҳкими минбаъдаи иқтидори иқтисодии кишвар дар давраи Эҳёи марҳилаи нави давлати пурқудрат, бар асоси инноватсионӣ роҳандозӣ намудани иқтидорҳои саноатии коркард ва ғановати бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот” унвон кардааст.
Корхонаи давлатии «Nebitmaş» 1 марти соли 1961 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, талаботи соҳаҳои асосии кишвар, аз ҷумла бахшҳои энергетика, корхонаҳои комплекси нафту газ, кишоварзӣ, корхона ва муассисаҳои давлатиро бо маҳсулоти мошинсозӣ таъмин мекунад.
ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) ягонаи корхонаи истеҳсолкунандаи алюминий дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ монда, иқтидори лоиҳавии он истеҳсоли 517 тонна алюминий дар як солро ташкил медиҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

