Воридот аз содирот 2,5 баробар зиёд
Шарикони аслии Тоҷикистон дар содироти коло Қазоқистон, Чин, Туркия, Узбекистон ва Эрон мебошанд.
Тибқи омор, дар содироти молҳо Қазоқистон 31,3%-и ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад. Ин рақам дар Чин 21,6% аст.
Ба ин кишварҳо асосан аз Тоҷикистон металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти металлургияи ранга – алюминийи аввалия, нахи пахта ва ғайра содир карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти мол ба Қазоқистон беш аз 147,2 миллион долларро ташкил дода, ҳаҷми воридот дар давраи зикршуда беш аз 206,7 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми муомилоти мол бо Чин дар давраи ҳисоботӣ беш аз 344,4 миллион долларро ташкил дод.
Дар муомилоти тиҷорӣ бо Белгия афзоиши қобили мулоҳизаи содирот аз воридот ба қайд гирифта шуда, 25,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Аммо, дар ҳаҷми умумии тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ, Русия ҷои аввалро ишғол мекунад. Мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Русия дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион долларро ташкил додааст.
Ба рӯйхати молҳои асосии содиротӣ ба хориҷа асосан алюминийи аввалия, нахи пахта, металлҳои қиматбаҳо ва меваҳои хушк дохил мешаванд.
Воридоти коло ба Тоҷикистон аз Русия – 28,3% аз ҳаҷми умумии воридот, Чин – 20,1% ва Қазоқистон – 17,1% сурат гирифтааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти мол 470 миллион доллар ва воридот беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

