Ҷо Байден аз Кунгираи Амрико хост бо як бастаи молии кумакҳои ҷадид ба Укроин ба маблағи 33 миллиард доллар мувофиқат кунад. Ҳудуди ду севуми ин маблағ барои тақвияти тавони низомии артиши Укроин барои муқобила бо таҷовузи низомии Русия дар назар гирифта шудааст.
Раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида аз намояндагони Кунгираи Амрико хост бастаи пешниҳоди ӯ барои афзоиши кумак ба Укроинро тасвиб кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ҷо Байден рӯз панҷшанбе, 28 апрел аз Кунгира хост бо ихтисос 33 миллиард доллар кумаки молӣ ба Укроин барои муқобила бо таҳоҷуми Русия мувофиқат кунад.
Ба гуфтаи Кохи Сафед 20 миллиарду 400 миллион доллар барои кумакҳои низомӣ ва амниятӣ ба Укроин дар назар гирифта шуда то он гуна, ки Байден мегӯяд ҷараёни ирсоли таслиҳот ва муҳиммот барои «размандагони шуҷоъи укроинӣ» бидуни таваққуф идома ёбад.
Бинобар ин гузориш, раисҷумҳури Амрико бо ишора ба таҳоҷумо Русия ба Укроин мегӯяд ҳазинаи ин ҷанг кам нест, аммо баҳои «таслим шудан дар баробар таҳоҷум» гаронтар хоҳад буд.
Ӯ афзуд мо ё ба мардуми Укроин кумак мекунем, ки аз сарзаминашон дифоъ кунанд ё назорагари беамали идомаи таҷовуз ва ҷинояти Русия дар ин кишвар мемонем.
Раисҷумҳури Амрико таъкид кард ҳампаймонони НАТО ва шарикони Амрико дар Иттиҳодияи Аврупо «саҳми мунсифонае» аз ҳазина пуштибонӣ аз Укроинро бар ӯҳда мегиранд.
«Ирсоли таслиҳот ба маънои ҷанг бо Русия нест»
Ҷо Байден хотирнишон кард ирсоли таслиҳот ба Укроин ба маънои ҳамлаи Амрико ба Русия нест ва Иёлоти муттаҳида фақат ба Укроин ёрӣ мерасоанд, ки дар баробари ҳуҷуми низомиёни русӣ аз худ дифоъ кунад.
Раисҷумҳури Иёлот муттаҳида ибрози итминон кард, ки ҳамтои русии ӯ Владимир Путин ҳаргиз муваффақ нахоҳад шуд бар Украина мусаллат шавад.
Бар пояи эъломи Кохи сафед бастаи пешниҳоди кӯмакҳои молӣ ба Укроин шомили ҳашт миллиарду 500 миллион доллар кумаки иқтисодӣ ба давлат Укроин ва се миллиард доллар кумакҳои инсондӯстона ва таъмини амнияти ғизоии шаҳрвандони укроинӣ аст.
Аз оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар 24 феврали имсол то кунун давлати Амрико пардохти кумакҳои низомӣ ба ин кишвар ба маблағи ҳудуди се миллиард долларро дар дастури кор қарор додааст. Кумакҳои бештар ба Укроин ба мувофиқати аксарияти аъзои Кунгира ниёз дорад.
Намояндагони ҷумҳурихоҳ ва демократи Кунгираи Амрика то кунун аз кумак ба Укроин барои дифоъ дар муқобили таҳоҷуми Русия ба таври усулӣ пуштибони кардаанд.
Фурӯши дороҳои забтшудаи олигархҳои русӣ
Дар айни ҳол байн ин ду ҳизб дар мавриди рабт додани кумак ба Укроин бо манобеъи дарназаргирифташуда барои муқобила бо паёмадҳои пандемии коруно ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ҷо Байден аз намояндагони Кунгира хоста «ҳар чӣ сареътар» бо бастаа пешниҳоди кумак ба Укроин мувофиқат кунанд.
Раисҷумҳури Америка ҳамчунин ваъда додааст дороиҳои блокшудаи олигархҳои русӣ фурӯхта шавад ва маблағи бадастомада за он дар ихтиёри Укрин қарор гирад.
Мутобиқи эъломи Кохи Сафед аз ибтидои ташдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ба хотири таҷовуз ба Укроин то кунун теъдоде киштиҳои тафреҳии люкс ва ҳавопаймоҳои шахсии олигархҳои рус забт шуда, ки арзиши онҳо ҳудуди як миллиард доллар баровард мешавад.
Ҳамчунин садҳо миллион доллар дороии шахсиятҳои барҷастаи наздик ба Путин ва ҳукумати Русия дар бонкҳои амрикоӣ блок шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

