Friday, November 14, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон Урдуғонро ба Душанбе даъват кард

Раҳмон Урдуғонро ба Душанбе даъват кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои туркаш Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон дирӯз 4 май гуфтугӯи телевонӣ анҷом доданд. Раҳмон аз Урдуғон даъват кард бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Тибқи иттилоъи Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар якдигарро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия сулҳу некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуда, ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва бахшҳои дигар иброз доштаанд.

«Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд», — менависад Хадамоти матбуот, вале ишора накардааст, ки кадом мавзуъҳои байналмилаливу мантақаӣ баррасӣ шудааст

Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Урдуғон хостааст  барои «идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба» аз Тоҷикистон боздиди расмӣ кунад

Мувофиқа ҳосил шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?