Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФарқи себаробарии воридоту содирот дар додугирифт бо кишварҳои узви СҲШ

Фарқи себаробарии воридоту содирот дар додугирифт бо кишварҳои узви СҲШ

Ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз аввали соли ҷорӣ беш аз $1 млрд.у 228,2 млн.ро ташкил додааст.

Тибқи иттилоъи Хадамоти гумруки кишвар, додугирифти молӣ байни Тоҷикистон ва се кишвари узви СҲШ Қирғизистон, Ҳинд ва Покистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. 

Дар ҳамин ҳол, афзоиши гардиши мол бо Қазоқистон, Русия, Чин ва Узбекистон ба қайд гирифта шудааст. 

Қисмати аъзами гардиши мол бо кишварҳои узви СҲШ ба воридот рост меояд. Аз 1,23 млрд доллар 909,1 млн.и онро воридот ба Тоҷикистон ва танҳо каме бештар аз 320 млн.ро содирот ташкил додааст, ки қариб се баробар камтар аз воридот аст. 

Дар ин давра шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон байни кишварҳои узви СҲШ Русия, Чин, Қазоқистон ва Узбекистон будаанд. Маблағи додугирифт бо ин кишварҳо $1 млрд.у 63,4 млн.ро ташкил додааст. 

Бо вуҷуди чанд барномаи қабулшудаи давлатӣ оиди кам кардани фарқи байни воридоту содирот, ҳамоно воридот ба Тоҷикистон наздик ба се баробар бештар аз содирот боқӣ мемонад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular