Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБайден роҳбари Куриёи Ҷанубиро ранҷонд

Байден роҳбари Куриёи Ҷанубиро ранҷонд

Дар нишасти сарони НАТО дар Мадрид раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз назди раҳбари Куриёи Ҷанубӣ Юн Сеок Йолия, ки мехост бо ӯ истиқбол кунад, беэътибор гузашта рафт.

Навореро, ки ин ҳолат сабт шудааст, шабакаи телевизионии «Yonhap News TV» паҳн кардааст. Дар навор дида мешавад, ки раҳбари Куриёи Ҷанубӣ барои истиқболи хуш ба сӯи Байден қадам мезанад. Аммо раисҷумҳури Амрико ба Юн Сеок Йолия эътибор надода, ба сӯйи раисҷумҳури Булғористон Румен Радев гузашт ва бо ӯ салом расонд.

Юн Сок Йоля ба сифати мехмон ба мачлиси машваратии НАТО ташриф оварда буд. Вай дар чаҳорчӯби форум бо як қатор раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла, бо раҳбарони Австралия, Зеландияи Нав ва Ҷопон мулоқотҳо анҷом дод.

Ин аввалин бор нест, ки роҳбари Кохи Сафед дар ин нишаст дар як ҳолати ногувор қарор гирифта бошад. Як рӯз пеш вай ҳангоми гуфтугӯ бо сарвазири Испания Педро Санчес дар мантиқи суханрони иштибоҳи ҷиддӣ карда, НАТО-ро таҳдид барои худ номид. Илова бар ин, Байден ҳангоми мулоқот бо шоҳ Филипп VI ва малика Летизия протоколи шоҳонаро вайрон карда буд.

Ҷо Байден зиёд дар чунин вазъи номуносиб меафтад. Масалан,дар як суханрониаш дар миёнаҳои моҳи феврал, номи кишвари Афғонистонро аввал бо Укроин, баъдан бо Ирон омехта буд. 

Илова бар ин якчанд бор муовини раисҷумҳури кишвар Камила Ҳарисро раисҷумҳури кишвари ИМА ном бурд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular