Тозатарин гузориши маркази омори Туркия аз наздик шудани сатҳи таваррум дар ин кишвар ба марзи 80 дарсад сухан мегӯяд. Бештарин афзоиши қиматҳо марбут ба бахши ҳамлу нақл эълом шудааст.
Шохиси қимати масрафкунанда дар Туркия дар моҳи июн ба шиддат афзоиш ёфт ба тавре, ки сатҳи таваррумро дар наздик ба 25 соли гузашта бесобиқа сохт.
Ба гузориши Рейтерз, маркази омори Туркия душанбе 4 июл эълом кард, ки қимати колоҳо ва хадамот дар ин кишвар дар беш аз як соли гузашта 78.62 дарсад боло рафтааст.
Ин болотарин сатҳи таваррум аз сентябри соли 1998 то кунун аст. Таваррум дар он сол 80.04 дарсад буд. Туркия аз он замон тақрибан як даҳа талош кард то ба ин таварруми мондагор поён диҳад.
Ҳазинаҳои ҳамлу нақл, ки бо қимати бензин вобаста аст, дар моҳи гузашта 123.37 дарсад боло рафта ва қимати маводи ғизоӣ ва нӯшобаҳои ғайриалкулӣ 93.93 дарсад афзоиш ёфтааст.
Аз далоили ин таварруми болораванда дар ҳоли ҳозир метавон қабл аз ҳама ба паёмадҳои ҷанги Русия алайҳи Укроин, болоравии нархи маводи хом ва поёнравии арзиши пули миллии Туркия ишора кард.
Аз тирамоҳи соли гузашта нархҳо дар Туркия ҷаҳишӣ боло мераванд. Афзоиши қиматҳо баъд аз он иттифоқ афтод, ки нархи баҳра аз сӯи банки марказӣ аз 19 ба 14 дарсад расид ва арзиши лира рӯ ба поён овард.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки бар хилофи назари коршиносон, ба шиддат аз коҳиши нархи баҳраи банкӣ тарафдорӣ мекунад мегӯяд, ин кор иқтисодро равнақ хоҳад дод.
Бо ин ҳол коҳиши нархи баҳра то кунун паёмадҳои ҷиддӣ ба бор овардааст: лири Туркия, ки рӯ ба поин аст, ҷаззобияти худ барои сармоягузоронро ҳар чӣ бештар аз даст дода ва воридот низ ба далели суқути арзиши лир гаронтар шудааст.
Лир, ки дар соли 2021 44 дарсад арзиши худро дар баробари долларро аз даст дода буд дар соли ҷорӣ низ 21 дарсад беарзиштар шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

