Иззат Амон, ҳомии муҳоҷирон, ки зиндонӣ аст, ба маҳбаси «Якум Советский» дар Душанбе ҷой кардаанд. Ӯ ҳангоми таҳқиқи парвандаи дувумаш чанд моҳи охир дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд.
Иззат Амон соли 2021 дастгир ва бар асоси ду парванда, ба гуноҳи қаллобӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шудааст. Худи ӯ пештар гуфта буд, бо ҳукмҳо розӣ нест, вале шикоят намекунад, зеро «ба адолати додгоҳӣ дар кишвар бовар надорад».
Иззат Амон, раиси пешини созмони «Маркази тоҷикон» дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони корӣ ҳимоят мекард, моҳи марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави он кишвар ронда шуд. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ӯро бар асоси даъвои чанд нафар дастгир ва маҳкум карданд.
Худашу наздиконаш даъвоҳои пулиро беасос донистанд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, қазия сиёсӣ аст, чун дар суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро низ танқид мекард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

