Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУзбекистон ба фаъолияти таксиҳои хусусӣ иҷоза дод

Узбекистон ба фаъолияти таксиҳои хусусӣ иҷоза дод

Дар Узбекистон иҷоза шуд, ки шаҳрвандон мустақилона дар алоҳидагӣ ба ҳайси ронандаи таксӣ кор кунанд. Раисиҷумҳури ин кишвар дар ин бора рӯзи 7 июл фармон ба имзо расонд.

Бо автомобилҳои сабукрав, ки на бештар аз чор ҷойи нишаст доранд, ба рӯйхати фаъолиятҳое дохил карда шуд, ки шахсони инфиродӣ метавонанд аз 1 сентябри соли 2022 то 31 декабри соли 2024 ба таксиронӣ машғул шаванд.

Қобили зикр аст, ки то кунун фаъолияти таксиҳо дар Узбекистон бо фармони раисиҷумҳур аз соли 2006 танзим шуда буд, ки тибқи он танҳо шахсони ҳуқуқӣ ҳақ доштанд ба ҳар гуна ҳамлу нақли тиҷоратии мусофирон машғул шаванд. Баҳори соли гузашта мақомот ҳамчун таҷриба ба афроди алоҳида иҷоза доданд, ки ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ба аробакашӣ машғул шаванд. Давомнокии озмоиш аз 15 майи соли 2021 то 31 декабри соли 2022 мебошад.

Дар муқобил мақомоти Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе мекӯшанд сади роҳи таксиронҳои хусусӣ шуда, ин корро ба ширкатҳои бузург биспоранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular