Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧархаҳои Роғунро ширкати утришӣ месозад

Чархаҳои Роғунро ширкати утришӣ месозад

Тоҷикистон истеҳсоли чор чархаи дигарро барои нерӯгоҳи «Роғун» ба ширкате дар Утриш (Австрия) супориш додааст. Ин тасмим дар ҳоле эълон шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта гуфт, ба хотири коҳиши пойбандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯзишориву энержии Русия, мехоҳад, сохтмони “Роғун”-ро сармоягузорӣ кунад.

Ду чархаи аввали неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Украина сохта буданд, аммо ба сабаби ҳамлаи Русия ба ин кишвар ва идомаи ҷангҳои шадид, дастрас кардани таҷҳизоти дигар мушкил шудааст.

Тоҷикистон соли 2008 эълон карда буд, ки барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун 3 миллиард доллар зарур аст. Тӯли ин солҳо ҳазинаи бунёди нерӯгоҳ то ба 8 миллиард доллар афзудааст.

Ҳукумат соли 2010-ум 5 миллион саҳмияи нерӯгоҳи «Роғун»-ро ба маблағи 6 миллиард сомонӣ нашр карда, қисме аз онро ба омӯзгорону табибон, донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатӣ ба таври маҷбурӣ фурӯхта буд. Он замон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба кишварҳои хориҷӣ ва институтҳои байналмилалии иқтисодӣ барои кумакӣ молӣ муроҷиат нахоҳад кард ва неругоҳ бо маблағи худӣ сохта мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular