Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуаллими тоҷик дар озмуни ИДМ дуввум шуд

Муаллими тоҷик дар озмуни ИДМ дуввум шуд

Сардори Маркази инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи информатикаи факултети механикаю математика Шамсулло Тағоев дар Озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои ИДМ сазовори ҷои дуюм гардид. Ҳамчунин мақолаи пешниҳоднамудаи ў барои чоп дар 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин – 2022» интихоб гардид.

Шамсулло Тағоев гуфтааст «барои иштирок дар озмун се моҳ пеш мақолаҳои худро пешниҳод намудем. Дар нашри 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин – 2022″ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи ман ва муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Н.Хусрав Саёҳат Сафарова интихоб гардид. Аз ҷониби кумитаи тадорукот барои сазовор гардидан ба ҷой дуюм бо диплом ва медали сарисинаг сарфароз гардидам».

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон, Нур-Султан) ва дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» доир гардид.

Ёдрас мешавем, ки Шамсулло Тағоев яке аз иштирокчиёни фаъоли Мактаби тобистонаи байналмилалӣ, ки 4 то 9 июли соли равон дар Федератсияи Русия доир гардид, мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular