Шурӯъ, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон баъди беш аз ду соли таваққуф, дубора барқарор мешавад.
Анвар Латифзода, як масъули КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ кард ва илова намуд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Русия ва мулоқоташ бо ҳамтоёнашон дар ин кишвар рӯи даст гирифта шуд, хабар медиҳад Азия Плюс.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ҷузъиёти бештари масъала, аз ҷумла вақту соат ва шарту шароити ҳаракати қатораҳо худдорӣ кард ва гуфт, пагоҳ, дар робита ба ин масъала ҷузъиёти бештар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ ҳам дар робита ба барқарор шудани ҳаракати қатораҳо иттилоъ медиҳанд ва ҳамчунин, ҷадвали ҳаракати қатораҳоро нашр кардаанд.
Аз ҷумла, “Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қатораи мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба- рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.
Аввалин қатораи мусофирбар баъди танафуси тӯлонӣ, рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар роҳсипор хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград ва баръакс низ ҳар ҳафта як маротиба сурат хоҳад гирифт. Ин қатора аз Хучанд рузҳои чоршанбе ва аз Волгоград рузҳои шанбе ба сафар мебарояд.
Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.
Расонаҳои русӣ бо такя ба ширкати “Роҳи оҳани Русия” хабар медиҳанд, ки дар ояндаи наздик фурӯши чиптаҳо боз мешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

