Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲади ақал 1350 дарахти Боғи парчами миллӣ дар Данғара хушкидааст

Ҳади ақал 1350 дарахти Боғи парчами миллӣ дар Данғара хушкидааст

Қисме аз дарахтони Боғи парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара, ки телевизонҳои давлатӣ пайваста аз он таърифу тавсиф мекарданд, хушкидаанд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Майдонро моҳи июни соли 2021 раиси ҷумҳури Тоҷикистон боз кард. Дар онҷо беш аз 8 миллион сомонӣ харҷ карда буданд.

Масъулони Боғи парчами миллӣ дар Данғара гуфтанд, ки дастур гирифтаанд, дарахтони хушкидаро ҳисоб кунанд.

«Айни ҳол сабти дарахтони хушкида рафта истодааст. Фармон 15-уми июн баромад. 15 дарсади дарахтҳо хушк шудаанд, вале шумораашон ҳоло дақиқ нест,» – гуфт Ғуломҳайдар Неъматов, мудири идораи ниҳолшнинонии ноҳияи Данғара.

Маълум нест чаро давоми беш аз як моҳ масъулин натавонистаанд шумори дарахтони хушкидаро ҳисоб кунанд.

Майдони парчам дар Данғара 3 гектарро ташкил дода, дар он ҳудуди нӯҳ ҳазор дарахт шинондаанд. Беш аз 600-тои он, ба қавли масъулони ноҳия, дарахтони ороишии нодир ҳастанд.

Масъулин ҳамеша зарарро кам ва корҳои анҷомдодаашонро аз ҳад зиёд нишон медиҳанд, аммо агар воқеъан 15 дарсади дарсади дарахтҳо хушкида бошанд, пас дар шумор он ҳудуди 1350 дарахтро ташкил медиҳад, ки кам нест.

Бори аввал нест, ки пас аз ифтитоҳи чунин маконҳо дарахтон хушкида ё сохтмону ороишот вайрон мешаванд. Қаблан шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам аз хориҷ бо маблағи зиёди буҷа дарахтони булути нодир овардаву дар Душанбе шинонида буд, ки тақрибан ҳамаашон хушкиданд.

Ҳашт моҳ пеш дар ноҳияи Муъминобод пояи парчами миллиро кушоданд, вале бахшҳое аз ин макон вайрон шудааст.

Дар Тоҷикистон барои ин гуна зарарҳо касе ҷазо намегирад. Коршиносон мегӯянд сабаби ҷазо нагирифтани масъулин ин аст, ки бахши бузурге аз маблағҳои ҷудошуда дуздида шуда, то «боло» байни мансабдорон тақсим мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular