Бо вуҷуди он ки вазирону раисон дар нишастҳои матбуотӣ мекӯшанд ҳарчи вақти бештареро бо қироати матни қаблан омодашуда гузаронанд ва ба суолҳои “провокатсионии” хабарнигорон посух надиҳанд, ин нишастҳо беҳтарин манбаъи кашфи хабарҳои воқеъӣ боқӣ мемонанд. Бале, кашф! Чун аксари онҳо дурӯғ мегӯянд, аммо бо муқоисаи суханони як вазир ё раис бо вазир ё раиси дигар ҳақиқатро метавон кашф кард.
Барои мисол раиси акнун собиқи ноҳияи Варзоб дар нишасти матбуотиаш гуфт дар ҳудуди ин ноҳия 15 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо ҳамагӣ 2 корхона фаъолияти доимӣ доранду бас. 13 корхонаи дигар пурра ё муваққатан аз фаъолият бозмондаанд.
Бегоҳи ҳамон рӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат иддаъо кард “бо вуҷуди мушкилоти кунунии ҷаҳони муосир, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии ҳукумат рушди иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 46, 2 миллиард сомонӣ баробар шуд”.
Маҳмадулло Шерализода ҳамчунин хабар дод, ки даромади буҷа аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати соли гузашта 14 миллиону 700 сомонӣ кам аст ва ҳамагӣ 23,3 %-ро ташкил медиҳад.
Раисҷумҳур ҳам дар суханрониаш дар маҷлиси ҳукумат иддао кард “рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз ва гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз таъмин гардид”.
Албатта танҳо ноҳияи Варзоб намунаи рушд ё рукуд дар кулли кишвар шуда наметавонад, аммо вазъ бо вуҷуди ин ки Эмомалӣ Раҳмон лофи рушд мезанад, дар кулли кишвар яксон аст. Метавонед нишастҳои хабарии раисони дигарро бо диққат пайгирӣ кунеду аз вазъ огоҳ шавед. “Ифшогарӣ”-и албатта нохостаи раисону вазирон боиси ҷазо гирифтан, аз ҷумла ба истеъфо фиристода шуданашон мешавад.
Маҳмадулло Шерализода ҳам истисно набуд ва фардои ҳамон рӯз аз вазифааш барканор шуд. Чӣ гуна мешавад вақте “пешво” аз рушди саноат ҳарф мезанад ту хезиву хабар диҳӣ, ки аз 15 корхонаи саноатӣ танҳо 3-тояш кор мекунад. Ҳатто агар посухи ту як рӯз пеш аз иддаъои “пешво” садо диҳад. Барраи бечораи афсонаи маъруфи Крилов ҳам аз поёнтари гург об мехӯрд, аммо баҳонаи наҷоташ нашуд.
Рӯзи 1 август ҳам қарздортарин ва зараровартарин ширкат дар ҷаҳон (дар муқоиса бо ММД-и кишвар) “Барқи тоҷик” нохоста як сирри дигари “давлатӣ” аниқтараш оилавиро ифшо кард.
Роҳбари ин ширкати монополист Маҳмадумар Асозода хабар дод, барои убури мошинҳояш аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ба ширкати IRS зиёда аз 29 млн. сомонӣ пардохт кардааст. Ба гуфтаи ӯ дар шаш моҳи соли ҷорӣ “Барқи тоҷик” барои убури 150 мошини боркашаш аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар фасли тобистон аз конҳои ангишт барои Маркази барқу гармидиҳии рақами 2-и шаҳри Душанбе ангишт меоранд ба IRS 29,2 млн. сомонӣ баробар ба 2,9 млн. доллари амрикоӣ пул додааст. Ба гуфтаи ӯ ин маблағ барои гузаштан аз роҳи пулакӣ ва баркашидан дар тарозуҳои IRS пардохт шудааст.
Қаблан ҳеҷ мансабдоре ҷуръат намекард камтарин иттилоъе дар бораи пулҳои пардохтмешуда ба ширкати IRS ҳарф занад. Худи ширкат ҳам, ҳеч гоҳ дахлу харҷашро эълон накардааст.
Пардохти 29 миллион дар ним сол ба IRS-и муфтхӯр дар ҳолест, ки соли гузашта эълон шуда буд Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад, барои ангишти истифодакардааш аз соли 2019 ба ин сӯ беш аз 120 миллион сомонӣ қарздор аст. Пардохт нашудани пули ангишт ба маъмурияти кони “Фон-Яғноб” имкон намедиҳад, ки ба усули зеризаминии истихроҷ гузарад.
Фирӯзбек Сайфуллоев, мудири кони ангишти “Фон-Яғноб” гуфта буд, ки аз чанд сол ба ин сӯ наметавонад пули ангишти истихроҷшуда барои Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро дарёфт кунад. Яъне “Барқи тоҷик” пули истифодаи роҳро ба як ширкати офшории “хориҷӣ” бе каму кост ва саривақт пардохт мекунад, аммо корхонаи ватаниро ба ҳоле меорад, ки моҳонаи садҳо коргарашро пардохт карда наметавонад ва дар остонаи муфлисшавӣ қарор мегирад. Шумо ҳоло ҳам дар ба кӣ тааллуқ доштани IRS шубҳа доред?
Албатта Асозода барои ин “ифшогариаш” аз молики ҳоло баъди фирори шавҳараш ягонаи IRS Озода Раҳмон гӯшмол гирифтаву ҳоло бо гумони ғолиб дар пайи табобати гӯшҳояш аст. Ҳатто агар гӯшмол надидааст, мутмаъин бошед, баъди нашри ин мақола хоҳад дид.
Як таҳқиқи Паём дар шаш соли пеш нишон дода буд, ки IRS аз роҳи пулакӣ солона ҳудуди 100 миллион доллар фоидаи соф мегирад. Аммо он таҳқиқ бар пояи ҳисоби мошинҳои убуркунанда, ки миёнгинашон дар як ҳафта дар баҳори соли 2015 гирифта шуда буд, ба даст омадааст. Он замон Маркази барқу гармидиҳии рақами 2-и шаҳри Душанбе ҳанӯз ба кор оғоз накарда буд. Аз он замон чанд кон дар Суғд ба ихтиёри чиниҳо дода шуда, маҳсулоти онҳо тавассути ҳамин роҳ кашонида мешаванд (албатта агар чиниҳоро аз пардохти роҳпулӣ ҳам озод накардаанд). Ҳамчунин рафтуомад дар роҳ хеле бештар шудааст ва метавон тахмин зад, ки даромади ширкати пулчинаки Озода Раҳмон ҳоло хеле бештар аз 100 миллион доллар дар сол аст.
Аммо асли масъала ин нест. 2,9 миллион долларе, ки “Барқи тоҷик” барои кашонидани ангишт ба IRS пардохт кардаву ба қарзаш илова шудааст, аз кисаи мардум мебошад. Ва пардохтҳои даҳҳо вазорату идораҳои давлатӣ низ. Мардум бар замми ин ки барои убур аз роҳи ягонаи байни шимолу ҷануб, ки бо пули худаш сохта шудааст (қарзи Чин барои сохтани ин роҳ ҳам аз кисаи мардум баргардонида мешавад) ба духтари раисҷумҳур пул пардохт мекунад, хароҷоти ҳамаи корхонаву идораҳои давлатӣ барои убур аз ин роҳ низ бар дӯшаш аст. Аз кашондани ангишту дигар маҳсулот сар карда, то “сафарҳои корӣ”-ву тафреҳии ҳазорон корманди давлатӣ. Яъне шумо новобаста аз он ки дар умратон боре аз ин роҳ убур кардаед ё на, ба ҳисобҳои офшории Озода Раҳмон дар ҷазираҳои Вирҷиния ҳар моҳ чанд доллар мефиристед.
Баргардем ба “Барқи тоҷик”.
Масъулини ин ширка дузд ва қарздортарин дар ҷаҳон як сири дигарро дар нишасти матбуотиашон ифшо карданд. Аниқтараш далели дигаре бар ин ки барқ ҳам аз мардум дуздида ва пулаш ба офшорҳо фиристода мешавад, илова намуданд.
Раиси «Барқи тоҷик» дар нишасти матбуотиаш иддао крад бо сабаби таҳрими бонкҳои Афғонистон наметавонанд маблағи барқи додаашонро пурра дарёфт кунанд.
Асозода иддао кард «вобаста ба вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, ки баъзе бонкҳои маблағгузор ба таҳримҳо шомил карда шуданд, интиқоли маблағ аз ширкати “Брешно» ба ширкати «Барқи тоҷик» мушкилӣ пайдо шуд. Айни замон кормандони ширкати «Брешно» корбарӣ карда истодаанд. Қарздорӣ нисбати пардохти ҳаққи барқ 28 млн. доллари амрикоро ташкил медиҳад. Дар моҳи июл дар ҳаҷми 2 млн. доллар маблағ ворид шуд».
Дар ҳамин ҳол, Вазорати энержии Узбекистон гуфтааст, ширкати барқи Афғонистон (Afghanistan Breshna Sherkat) пули 2151,3 миллион кВт/соат нерӯи барқеро, ки аз ин кишвар харидорӣ карда буд, пурра пардохт намудааст. Яъне маълум мешавад “вазъи геополитикии минтақа” ҳеҷ пайванле ба қарзи “Брешно” надорад ва ин ширкат мушкиле ҳам дар интиқоли маблағ надоштааст, чун тавониста қарзи Узбекистонро пардохт кунад.
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон рӯи хуше бо Толибон надорад ва Узбекистон баръакс мекӯшад робитаи ҳасанае бо ҳукумати нави Афғонистон дошта бошад, ширкати барқи тоҷикистонӣ барқро бидуни пардохт медиҳад, аммо узбекҳо пули барқро меситонанд. Чаро? “Барқи тоҷик” ё мақомоти Тоҷикистон чӣ забонкӯтаҳие назди “Брешно” доранд?
Тибқи иттилоъе, ки Паём ба даст овардааст, шартномаи фурӯши барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон мустақим байни ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва “Брешно” баста нашудаст. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин созишнома як ширкати офшорӣ намояндагӣ мекунад. Тибқи шарнома “Брешно” муваззаф аст пули барқро на ба ширкати “Барқи тоҷик”, балки ба суратҳисоби он ширкати офшорӣ ба Қиприс (Кипр) интиқол диҳад.
Қаблан раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо истинод ба манобеъаш дар Аврупо гуфта буд, ки пули барқе, ки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол медиҳад, на ба Тоҷикистон, балки ба суратҳисоби офшорӣ фиристода мешавад.
Ҳамчунин, тибқи иттилоъи манбаъи Паём фурӯши барқ ба Афғонистонро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ ва писари раисҷумҳур назорат мекунад. Бо гумони ғолиб, ширкати офшории миёнарав байни “Барқи тоҷик” ва “Брешно” ҳам ба Рустам таъаллуқ дорад.
Чанд сол қабл манобеъи Паём иттилоъ дода буданд, ки қисмати аъзами фурӯши барқ ба Узбекистон ҳам бидуни ҳисобкунак дар ҷониби Тоҷикистон фурӯхта мешавад ва онро Ҳасан Асадуллозода, додарзани Эмомалӣ Раҳмон назорат мекунад. То чанд соли қабл “Барқи тоҷик”-ро ҳам Асадуллозода назорат мекард, аммо ҳоло бештари бизнесҳои ӯро хоҳарзодаҳояш, яъне фарзандони раисҷумҳур соҳиб шудаанд ва назорати “Барқи тоҷик” ҳам бо эҳтимоли зиёд ба яке ё чанд фарзанди Раҳмон таъаллуқ гирифтааст.
Бо вуҷуди бисёр кам будани қимати истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон, ки ба гуфти коршиносон аз 6 дирам боло нест ва фурӯши он бо қимати себаробарӣ, “Барқи тоҷик” ҳар сол 2,5-3 миллиард сомонӣ “зарар мебинад” ва ба қарзаш афзуда мешавад.
Ин миллиардҳо доллар “қарз”, ки дар суратҳисобҳои офшории Оила қарор доранд, ба дӯши миллати бе ин ҳам қашшоқи тоҷик аст.
“Рушди иқтисодӣ” ҳам, ки “пешво” пайваста аз он лоф мезанад, сол то сол мардуми тоҷикро қашшоқтар месозад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

