Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБо вуҷуди таҳдидҳои низомии Чин, ҳайати Кунгираи Амрико вориди Тайван шуд

Бо вуҷуди таҳдидҳои низомии Чин, ҳайати Кунгираи Амрико вориди Тайван шуд

Бо вуҷуди вокунишҳои шадиди давлати Чин алайҳи сафари Нэнси Пелоси, раиси маҷлиси Намояндагони Амрико ба Тайван ҳайате аз намояндагони Кунгираи Иёлоти муттаҳида ба манзури дидори дурӯза вориди Тайван шуд. 

Наздик ба ду ҳафта пеш Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Тайван сафар кард. Ин сафар бо эътироз ва интиқоди шадиди Пекин рӯ ба рӯ шуд ва давлати Чин як манёври бузурги ҳавоӣ ва баҳрӣ дар атрофи Тайван баргузор кард. 

Ҳоло дубора як ҳайати амрикоӣ шомили намояндагони Кунгираи Амрико ба Тайван сафар кардааст. Вазорати хориҷаи Тайван дар Тайбэй рӯзи якшанбе 14 август эълом кард, ки як ҳайати панҷ афара ба сарпарастии сенатори демократ, Эд Марки ба манзури як дидори дурӯза вориди Тайбэй шудааст. 

Аъзои ин ҳайат қарор аст бо Тсаи Инвэн раисҷумҳури Тайван дидор кунанд. Дар ҷараёни дидорҳои ин ҳайат қарор аст беш аз ҳар чиз равобити Амрико ва Тайван, амнияти минтақа, тиҷорат, занҷираи ҷаҳонии ҳамлу нақли коло ва тағйироти иқлимӣ мавриди баҳс қарор бигиранд. 

Ба гузориши институти амрикоӣ дар Тайван, таваққуфи ин ҳайат дар Тайбэй дар чорчуби як сафари бузургтар ба минтақаи Ҳинд Уқёнуси Ором сурат гирифтааст. 

Пекин Тайванро бахше аз хоки худ медонад ва ба ҳамин далел равобити ҷудогонаи дигар кишварҳо бо Тайбэйро намепазирад. 

Ааммо  Ҷумҳурии демократики Тайван муддатҳост, ки худро кишвари мустақил медонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular