Русия дар шаш моҳи нахуст пас аз таҳоҷуми низомӣ ба хоки Укроин, ба рағми таҳримҳои вазъшуда аз сӯи Ғарб, дасти кам 158 миллиард евро аз содироти энерҷӣ даромад касб кардааст.
Ин мизон оид аз содироти энерҷӣ дар ҳоле насиби Русия шуда, ки беш аз ниме аз даромади касбшуда ҳосили фурӯши маҳсулоти бахши энерҷӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо будааст.
Андешакадаи Маркази таҳқиқоти энерҷӣ ва ҳавои пок бо интишори ёфтаҳои як пажӯҳиш дар ин хусус хостори таҳримҳои муассиртар алайҳи Маскав шудааст.
Ёфтаҳои ин маркази таҳқиқотӣ дар Финланд нишон медиҳад, ки афзоиши қимати маводи сӯхт алорағми коҳиши ҳаҷми содирот, даромади Русияро афзоиш додааст.
Дар гузориши мунташиршуда аз маркази таҳқиқоти энерҷӣ ва ҳавои пок (СREA) омадааст: «содироти маводи сӯхт аз оғози таҳоҷуми низомӣ ба хоки Укроин ба ин су ҳудуди 43 миллиард евро барои буҷаи федералии Русия даромад дода ва ба масорифи ҷанг дар Укроин кумак кардааст.”
Омор ва арқоми мунташиршуда дар ин гузориш, ки ба ёфтаҳои як пажӯҳиш ихтисос дорад ба давраи шаш моҳаи пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин дар 24 феврал марбут мешавад.
Даромади Русия аз содироти маводи сӯхт барои таъмини масрафи мошини ҷангии ин кишвар, ки Маскав онро 100 миллиард евро тахмин задааст, беш аз мизони кофӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки зарари зерсохтҳои осебдидаи кишвари Укроин дасти кам 110 миллиард евро тахмин зада шудааст.
Дар гузориши андешакадаи Маркази таҳқиқоти энерҷӣ ва ҳавои поки Финланд, Иттиҳодияи Аврупо бузургтарин воридкунандаи сӯхтҳои фузиллии Русия ба арзиши 85.1 миллиард евро муаррифӣ шудааст.
Пас аз Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои Чин бо 34.9 миллиард евро ва Туркия бо 10.7 миллиард евро аз ин ҷиҳат дар радаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.
Иттиҳодияи Аврупо хариди ангиштсанги Русияро мутаваққиф ва ҳамзамон ба тадриҷ воридоти нафти Русияро низ барои бештари кишварҳои узв мамнуъ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Брюссел ҳанӯз ҳеҷ маҳдудияте барои воридоти гази табиӣ, ки кишварҳои узви Иттиҳодия ба шиддат ба он вобаста ҳастанд, вазъ накардааст.
Аз сӯи дигар, Маскав дар ҳоли ҳозир арзаи газ ба Аврупоро ба таври комил қатъ ва эълом кардааст то замоне, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо лағв нашавад, содироти газро ба Аврупо аз сар нахоҳад гирифт.
Ба гузориши Маркази таҳқиқоти энерҷӣ ва ҳавои пок Финланд, мамнуъияти Иттиҳодияи Аврупо бар воридоти ангиштсанги Русия муассир будааст. Ба наҳве, ки акнун Чин ҷойгузини Олмон ва бузургтарин муштарии маводи сӯхти Русия шудааст.
Бо ин ҳол, бино бар ба гузориши андешкадаи Маркази таҳқиқоти энерҷӣ ва ҳавои пок, бахши нафти Русия ҳамчунон пурравнақ аст ва аз замони шурӯъи ҷанг, ҳаҷми содирот дар ин бахш ба беш аз 19 дарсад афзоиш ёфтааст. Таҳримҳои Аврупо бар содироти нафти Русия қарор аст то 5 декабр иҷроӣ шавад.
Ин маркази таҳқиқотӣ хостори вазъи қавонин ва иҷрои маҳдудиятҳои бештар дар заминаи содироти нафти Русия шуда ва аз Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё хостааст, ки барои ин манзур аз аҳроми фишори худ дар бахши ҳамлунақли ҷаҳонӣ истифода кунанд.
Аз дигар сӯ, кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафт мутааҳҳид шудаанд, ки барои нафти хоми Русия сақфи қимат муайян кунанд, иқдоме, ки Русияро аз бисёре аз даромадҳои нафтии худ маҳрум мекунад.
Иёлоти муттаҳида моҳҳост, ки хостори муайян кардан сақфи қимат барои тавлидоти нафтии Русия аст. Вашингтон ҳамчунин эътиқод дорад, ки таҳримҳои Ғарб бар маҳсулоти энерҷии Русия сабаби афзоиши нархҳо шуда ва ба Маскав дар таъмини ҳазинаи ҷангӣ, ки ба роҳ андохтааст кумак мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

