Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВо аҷаб! Раҷабзода бо журналистон вохӯрдааст!

Во аҷаб! Раҷабзода бо журналистон вохӯрдааст!

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Исфара бо намояндагони васоити ахбори оммаи ба гуфтаи дафтари матбуотиаш “байналмилалӣ” суҳбат кардааст. Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки мақомоти Тоҷикистон бидуни конфронсҳои матбуотӣ, ки дар ним сол як бор қонун муқаррар кардааст, бо журналистон вохӯранд. 

“Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара як гуруҳ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ бо оқибатҳои ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон шинос гардиданд” — иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд.

Тибқи гузориши манбаъ сафари кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин минтақа ҳам дар ҳамин рӯз иттифоқ афтода ва ӯ “бо рӯзноманигорони расонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ суҳбат анҷом дод”. 

Ва дар ин сӯҳбат Раҷабзода “вобаста ба вазъи зиндагии мардум, оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона, зиёни расида, дастгирии сокинони зарардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод”.

Гуфта мешавад дар гуфтугӯ бо раиси вилояти Суғд хабарнигорони РИА «Новости», «ВВС», АМИТ «Ховар», «Спутник», «Радиои Озодӣ», «Авесто» ва рӯзноманигорони мустақилу блогерон ҳузур доштаанд.

Бояд гуфт расонаҳои хориҷии инҷо зикршуда аз охирин расонаҳоеянд, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд ва мекӯшанд барои набастани дафтарашон аз мақомоти Тоҷикистон камтар интиқод кунанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд ба Ботканд намояндагони расонаҳое чун Reuters, National Geographic, Anadolu Ajancy, Интерфакс омадаанд, то аз харобиҳои ҷанг дидан кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular