Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДидори Муҳриддин бо Блинкен

Дидори Муҳриддин бо Блинкен

Дирӯз, 27 сентябр дар Вашингтон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен мулоқот кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкории амниятӣ баррасӣ карда, дар бораи истифодаи имконияти васеъ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд.

Инчунин ҷонибҳо аҳаммияти платформаи «С5+1» барои минтақа ва ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular