Sunday, March 22, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири маорифи Қирғизистон бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт шуд

Вазири маорифи Қирғизистон бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт шуд

Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев дар доираи як парвандаи ҷиноӣ боздошт шудааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар додааст, ки Бейшеналиев бо гумони тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир гаштааст.

«Зидди ӯ бо гумони гирифтани пора ба миқдори махсусан калон — 110 ҳазор доллар тафтишот оғоз шудааст. Барои дохил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои ватанӣ пул гирифтаанд. Ҷузъиёти парванда баъди анҷоми тафтишот пурра пешниҳод мешавад», -омадааст дар хабари вазорат.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular