Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоқаев доктринаи нави Қазоқистонро имзо кард

Тоқаев доктринаи нави Қазоқистонро имзо кард

Президент Қосимҷомарт Тоқаев тағйирот ба доктринаи ҳарбии Қазоқистонро, ки аз сӯи Вазорати дифоъ ва ниҳодҳои дигари қудратии ин кишвар таҳия шудааст, тасдиқ кард.

«Дар санад омил ва шартҳои муосири таъсиргузор бар таҳдидҳои ҳарбию амниятӣ дарҷ шудааст. Ҳамчунин самтҳои нави фаъолиятҳо дар бахши сиёсӣ-ҳарбӣ ва ҳарбӣ-стратегӣ илова карда шудааст», — гуфтанд дар Вазорати дифои Қазоқистон.

Дар он ҳамчунин “рушди нерӯҳои амалиёти вижа ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо воҳидҳои нерӯҳои вижаи мақомоти дигари давлатӣ” пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, доктринаи нави ҳарбӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи давлат ба таъмини амнияти ҳарбӣ ва дифоъ ба талаботу шароити муосир мутобиқ карда шавад. Ба ҷуз ин, “иқтидори низомии кишвар барои вокуниши муносиб ба таҳдиду хатарҳои нав тақвият ёбад».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular