Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди субот дар Осиёи Миёна гуфтугӯ карданд.
Шарл Мишел дар ин дидор ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.
Ин изҳорот дар ҳоле баён шуда, ки пештар раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд ҳазорон террорист дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳузури фаъол доранд.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел рӯзи панҷшанбе, 27 октябр дар шаҳри Остона, ки мизбони нишасти Осиёи Миёна ва Иттиҳодияи Аврупо аст анҷом шуд.
Дар ин нишаст руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, намояндаи раисҷумҳури Туркманистон ва раиси Шӯрои Аврупо ҳузур доштанд.
Ҳадафи ин нишаст тавсеаи ҳамкории Осиёи Миёна бо Иттиҳодияи Аврупо буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

