Дар Қирғизистон ба хотири фишор ба расонаҳои озод “маъракаи иттилоотӣ алайҳи фишор нисбати ВАО” оғоз шуда, имрӯз 28 октябрро “Рӯзи сиёҳ” эълон карданд.
Ин тасмим аз ҷониби расонаҳои озоди Қирғизистон аз паи масдуд шудани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гирифта шудааст ва ҳама расонаҳои озод имрӯз аз соати 09:00 то 12:00 ҳеҷ хабаре нашр накарданд.
Ба ин маърака тамоми рӯзноманигорони пешқадам, муҳаррирон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои расонаии Қирғизистон ҳамроҳ шуданд.
Расонаҳои Қирғизистон аз мақомот даъват мекунад, ки фишори густарда ба озодии матбуотро қатъ карда, ба таъқиби рӯзноманигорон, блогерҳо, фаъолони шаҳрвандӣ ва дигар шахсонеро, ки озодона андешаи худро баён мекунанд, хотима диҳанд.
Хабаргузории “Kaktus-media” навшт, ки “мо ҳама ҳамкасбонро даъват мекунем, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд, зеро фардо ин басташавӣ метавонад, ки ба ҳар яки мо таъсир расонад”.
Гуфтанист, сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷониби Вазорати фарҳангу иттилооти ин кишвар бинобар пӯшиш додани ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр барои ду моҳ масдуд карда шуд. Расонаҳои ин кишвар ин амалкарди мақомотро “тасмими ғайриқонунӣ” номиданд.
Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон иддао мекунад, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар танишҳои марзии ахир “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”.
Ахиран, чанд рӯз пеш Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қотеона рад карда гуфт, дар гузориши омодакардаи Радиои Озодӣ ҳеҷ қонуншикание вуҷуд надорад ва ҳама меъёрҳо риоя шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

